Дар шаҳри Душанбе «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон имрӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё дар масофаи 3 километр бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мураббиёну варзишгарони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар дави мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар дави мазкур зиёда аз 1000 ҷавону варзишгар иштирок карда, ғолибони озмуни расмкашӣ ва рӯзноманигорӣ қадршиносӣ гардид.