Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзии ноҳияи Ҷиликӯл
Дар маркази ноҳияи Ҷиликул Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ дидан кард.
Дар оғози боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори қолинбофони дастӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Тавре зикр гардид, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонов як коргоҳи қолинбофӣ таъсис дода шудааст, ки дорои 30 дастгоҳ буда, дар он 60 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин кор изҳори хушҳолӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки ин ҳунари бобоиро дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд диҳанд.
Тавре аён шуд, дар ноҳияи Ҷиликул мардуми туркманзабон низ дар рушди корҳои кишоварзӣ ва ҳунармандии мардумӣ нақши намоён доранд.
Аз намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳ ва иттилои масъулин маълум шуд, ки зироаткорону боғдорони ноҳияи Ҷиликул аз заминҳои корам пурсамар истифода бурда, ба дастовардҳои намоён ноил шудаанд.
Аз иттилои масъулини Бешаи Палангон аён шуд, ки барои ҳифзи набототу ҳайвонот ва парандагони он ва ҳамчунин афзун намудани шумораи ҷонварони камшудаи он тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд.