Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд
4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонии ду давлат баррасӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст ва дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса дорад.
Зимни вохӯрӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба, ки ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои мо аст, зеро онҳо дар пешбурди афзояндаи тамоми масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ва дар таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории ду давлат нақши муҳим доранд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории зичи мамлакатҳо тавассути парлумони ду давлат дар сатҳҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла ассамблеяҳои парлумонии ИДМ, СААД, САҲА, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ ва таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ табодули андеша карданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.