Боздид аз қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиа ва ифтитоҳи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар ҳудуди он
Аз ноҳияи Хуросон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бохтар омада, нахуст ба қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиа ташриф овард.
Роҳбарияти вазорати мудофиа ва ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии қисми ҳарбӣ Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон, аз ҷумла ёдоварӣ карда шуд, ки ҳайати шахсии ин қисми ҳарбӣ аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистон нақши намоён гузоштаанд ва имрӯз ҳам ин воҳиди низомӣ бо техникаи вазнини ҳарбӣ, яроқу аслиҳаи беҳтарини замони муосир таъмин буда, ҳайати шахсияш омодагии қавии ҳарбӣ доранд. Ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии ин қисми ҳарбӣ чун ҳамаи воҳидҳои дигари Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар донишу маҳорати касбии худро дар ҷараёни машғулиятҳои назарию амалӣ ва машқҳои ҳарбии саҳроӣ сайқал медиҳанд ва дар ҳолати хуби омодагии доимии ҳарбӣ қарор доранд.
Омодагии баланди касбӣ ва обутоби хуби ҷисмонию рӯҳии онҳо аз қадамзании устувору гурдонаи ҳар як афсару сарбози ин қисми низомӣ, ки зимни расми гузашти низомӣ намоиш дода шуд, ҳувайдо аст.
Зимни боздид аз толорҳои варзишӣ ва обутоби бадани қисми ҳарбӣ бори дигар собит гардид, ки дар ин қисми ҳарбӣ ҷавонони солиму бардам, ғаюру ватандӯст ва ҷонфидои Ватан адои хизмат мекунанд.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо рафти омодагии қисми низомӣ ба зимистон ва захирасозии озуқаворӣ, аз ҷумла аён гардид, ки ин қисми ҳарбӣ дорои хоҷагии хуби ёрирасон буда, дар он ҳам чорвои хурду калон ва ҳам зироатҳои гуногун барои таъмини мустақилона бо маводи ғизоӣ парвариш меёбад.
Ошхонаи қисми ҳарбӣ хеле зебою муҷаҳҳаз буда, иборат аз 4 толор бо 460 ҷойи нишаст мебошад.
Толори фарҳангии қисми ҳарбӣ имкон медиҳад, ки дар он тамоми намуди чорабиниҳои фарҳангию дилхушӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд. Дар даромадгоҳи толори фарҳангӣ гӯшаи ёдоварӣ аз қаҳрамонон ва шаҳидони ин қисми ҳарбӣ ороста шудааст. Ин гӯшаи ёдоварӣ осорхонаеро мемонад, ки аз таърихи талхи солҳои муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон, ҷонфидоиҳои афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ дар роҳи барқарорсозии ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистон ва таҳкими амнияту субот дар кишвари азизи мо ҳикоят мекунад.
Дар ҳудуди ҳамин қисми низомӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шифохонаи нави ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад.
Тавре иттилоъ доданд, ин шифохона бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа муҷаҳҳаз карда шудааст. Шифохона дорои 50 кати хоб мебошад.
Дар ин шифохона муддати 2 сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор карда, ҳамзамон ҳамкасбони тоҷики худро барои кор бо таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардида меомӯзонанд.
Чунонки иттилоъ доданд, тамоми таҷҳизот сохти Ҳиндустон буда, ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқанд.
Бинои шифохона сеошёна буда, дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дорусозӣ ва ғайра мебошад.
Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст, ки дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тибб ҷой гирифтааст.
Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тибб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст.
Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ мебошад.
Барои таъмини мунтазами шифохона бо нерӯи барқ дар ин ҷо трасформатори алоҳида ва ҳам генератори барқӣ насб кардаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони давлати Ҳиндустон таъкид дошт, ки арзи сипосу қадрдонии ӯ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба роҳбарияти ин давлати дӯст бирасонанд.
Ба масъулини ҷониби Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар ин шифохона натанҳо ба низомиён, балки ба мардуми ниёзманди деҳоти атрофи ин мавзеъ низ хизмати тиббӣ расонда шавад.