Боздид аз қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милиса дар вилояти Хатлон
Дар ноҳияи Бохтар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милисаи Раёсати корҳои дохилии вилияти хатлон ташриф оварда, бинои нави онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар саҳни ҳавлии қароргоҳи ин воҳиди махсуси милиса Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар тӯйи арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи фарзандони кормандони ин соҳа иштирок намуд.
Тавре маълум гардид, дар ин ҷо тӯйи арусии 8 духтари ҷавон аз оилаҳои ниёзманд ва 8 афсари воҳиди махсуси милиса ва ҳамчунин хатнасури 22 писарча аз оилаҳои кормандони соҳа ороста шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросими бошукӯҳ ба ҳамаи навхонадорон асбобу ашёи арзишманди рӯзгор ва ба писарбачаҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ошхона, анбори нигоҳдории молу маҳсулот иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини хизматчиёни дастаи таъиноти махсуси милиса бо маводи ғизоӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳудуди қароргоҳи даста майдончаҳои машқу тамрин бунёд ёфтаанд, ки дар баланд бардоштани маҳорати ҷангии хизматчиёни ин даста нақши асосӣ доранд.
Дастаи таъиноти махсуси милиса барои иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ бо аспҳои савории ба таври хоса омодашуда, сагҳои хизматии омӯзишдида ва бо техникаву лавозимоти гуногуни ҳарбӣ таъмин карда шудааст.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави дастаро расман ифтитоҳ намуд. Бино аз се ошёна иборат буда, дорои толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, утоқҳои корӣ ва дигар толору ҳуҷраҳо мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёд ва таҷҳизонидани ин бино зиёда аз 3 миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуб дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ёдовар шуда, ҳайати шахсии ин ниҳодро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуд.
Дар охири боздид аз қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милисаи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон расми гузашти низомӣ ҷараён гирифт, ки дар он, дар баробари ҳайати шахсӣ, ҳамчунин техникаи ҳарбӣ ва махсуси ин ниҳоди бонуфуз иштирок намуданд.
Тавре аён гардид, ҳайати шахсии ин ниҳоди махсуси милиса омодагии ҷиддии касбӣ дошта, ҳамчунин бо техникаю лавозимоти ҳарбӣ ва махсуси пуриқтидор барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳам муборизаи беамон бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, аз ҷумла гурӯҳҳои террористию ифротгаро омодагии ҳамаҷониба доранд.