Озмун барои ишғоли вазифаҳо дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии «Телевизиони Тоҷикистон», муҳаррири варзида 4 ҷой, муҳаррир 6 ҷой, муҳаррири хурд 2 ҷой, коргардон 1 ҷой, рассом 2 ҷой, танзимгар 1 ҷой, мухбир 2 ҷой, наворбардор 3 ҷой, котиби масъул 1 ҷой, коргардон-навбатдор 1 ҷой, ва шореҳ 1 ҷой ОЗМУН эълон менамояд.
Талабот ба довталабон:
Таҳсилоти олӣ: рӯзноманигор, техникӣ, рассом, коргардон.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- - ариза ба номи Раиси Кумита;
- - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4);
- - тарҷумаи ҳол;
- - нусхаи шиноснома;
- - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- - маълумотнома аз ВКД барои изи ангуштон;
- - СИН, агар пеш аз ин ягонҷо фаъолият карда бошад;
- - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ
- - нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- - маълумотнома аз ҷои истиқомат.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио), телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79.
Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj дастрас намоед.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.