Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо аксбардории умумии сарони давлатҳои иштирокдори ин созмон оғоз ёфт.
Дар ҷаласа ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети иттиҳод барои соли 2013, ворид намудани тағйирот ба буҷети он дар соли 2014 ва масоили вобаста ба барҳам додани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҳамкории иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ дар заминаи дигар созмонҳои ин қаламрав баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, бо вуҷуди барҳам хӯрдани ин созмон котиботи он то оғози соли оянда ва ба фаъолият шуруъ намудани созмони иқтисодии нав, ки ба он ҳоло танҳо Русия ва Беларусу Қазоқистон шомил шудаанд, кори худро идома хоҳад дод.