Дар Душанбе бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Муассисаи давлатии «Маркази илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҳолатҳои коррупсионӣ, терроризм ва экстремизм бо иштироки намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони муассисаи мазкур ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ.
Зимни вохурӣ доир ба хатар ва падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм иброз дошта шуд, ки бояд ҳар фарди худшинос ва худогоҳи Ватани азизамон бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад ва бо ин роҳ дар таъмини сулҳу оромии мамлакат саҳм гузорад.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, зиёиён, ҷавонону занон пайваста дар бораи торафт реша давонидани терроризм ва ифротгароӣ хушдор дода, онҳоро ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар сокини сайёра маҳкум менамоянд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар сокини сайёра аст».
Ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пайравӣ ба сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара бештар дар рушд ва пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин вохӯриҳои судманд ба баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон, хосса ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро бори дигар водор месозад, ки ба қадри сулҳу оромии мамлакат расанд ва тамоми талоши худро ба пешрафти он равона намоянд.