Дар Маркази миллии қонунгузорӣ оид ба мубориза бо коррупсия ҳамоиш доир шуд
Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия мулоқот доир шуда, дар он роҳбарият, кормандони марказ ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттиооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон.
Зимни мулоқот Директори Марказ Изатулло Саидзода иброз дошт, ки вохӯрӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) амалӣ мегардад.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Маҷидӣ изҳор намуд, ки «коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳамаи намояндагони ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад».
Зимни вохӯрӣ инчунин оид ба асосҳои ҳуқуқиву ташкилии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози ақида карда шуд.