Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус
Дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои мавҷуда, татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои давлатии вобаста ба рушду тараққиёти ин ноҳияҳои ҷанубии кишвар супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои навсозии роҳҳои мошингард, бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ таъмин намудани аҳли заҳмати деҳот, бо таҷҳизоти муосир ва мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Ба Иттифоқи Тоҷикматлубот дастур дода шуд, ки дар маркази ноҳияи Носири Хусрав бозори калони ноҳиявӣ бунёд намоянд.