Шиносоӣ бо кори кишоварзони ноҳияи Шаҳритус
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҳомид ва Қандови ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши онҳо бевосита шинос шуд.
Чунонки зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Қандов 20 га замин, аз ҷумла 18 га замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, асосан бо пахтакорӣ машғуланд. Майдони умумии кишти пахта 14 га буда, дар аксари он навъи Тоҷикистон кишт намудаанд ва аз ҳар гектараш бовар доранд, ки ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.
Онҳо аз 3 га замини кишти гандум ба ҳисоби миёна 48 сентнерӣ ҳосил гирифта, дар ҷойи кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Деҳқонони ин хоҷагии дар парвариши сабзавоту полезии кишти такрорӣ ҳам ба муваффақиятҳои калон ноил шудаанд. Натиҷаҳои назарраси кори ибратбахши онҳо, аз ҷумла зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ аён гардид. Тавре маълум шуд, деҳқонони ноҳияи Шаҳритус аз ҳар гектари каду ва тарбузу харбӯзаи зимистона 36 тоннагӣ ҳосил мерӯёнанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки ба кишоварзон барои дастрас намудани технологияҳои пешқадами истифодаи заминҳои корам ва тухмиҳои хушсифат ҳамаҷониба мусоидат намоянд.