Мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон
Имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Борбади шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 2 ҳазор нафар соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидор, олимону коршиносони варзида, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадафҳои ташкили мулоқоти мазкур, аз ҷумла тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазири ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат, мусоидат намудан ба ҷалби бештари сармоягузориҳо, дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблағгузориҳои дарозмуддат, инчунин мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ барои рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ ҷалб карда, тадриҷан татбиқ намудани ҳадафҳои мазкурро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба натиҷаҳои ислоҳоти татбиқшуда, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки бо вуҷуди тамоюлҳои манфӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар, дар соли 2013 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, даромади пулии аҳолӣ 16,5 фоиз ва маоши моҳонаи як корманд 20 фоиз афзуд. Пасандозҳои бонкии аҳолӣ дар панҷ соли охир беш аз 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 қариб ба 4 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Тавре зикр гардид, муваффақ шудан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коҳиш ёбад ва то соли 2015 ин нишондиҳанда то 30 фоиз бояд поин равад.
Зикр шуд, ки дар панҷ соли охир 870 ҳазор ва танҳо дар соли 2013 беш аз 185 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардид ва ин раванд барои беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва рушд ёфтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.
Президенти мамлакат нақши муассири бахши хусусиро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карда, алоқамандӣ ва таваҷҷуҳи хоси худро ба таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таъкид намуд. Тазаккур дода шуд, ки дар давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, истеҳсоли маводи сохтмон, коркарди меваю сабзавот бунёд карда шудаанд ва танҳо соли гузашта соҳибкорони ватанӣ 332 корхонаи нави истеҳсолӣ сохта ба истифода додаанд. Дар ин робита зарурати вусъат бахшидан ба ин раванд таъкид карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзудани миқдори субъектҳои соҳибкориро дар рушди иқтисодиёти кишвар раванди мусбӣ номида, зикр намуд, ки дар чор соли охир шумораи онҳо аз 186,5 ҳазор ба 293 ҳазор расонида шуд ва афзоиши он дар маҷмуъ 57 фоизро ташкил менамояд.
Вобаста ба фаъолияти бахши хусусӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки соли гузашта ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40,5 млрд. сомониро ташкил намуд, ки аз ин зиёда аз 63 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба масъалаҳои низоми “Равзанаи ягона”, расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, иҷозатномадиҳӣ ва зарурати такмили ин низом, ҳуҷҷатгузорӣ дар он, қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкорон тавассути фондҳои соҳибкорӣ, масъалаҳои андозбандӣ ва расмиёти гумрукӣ, ислоҳоти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ дар соҳаҳо ва ғайра ибрози назар намуда, андешидани тадбирҳои заруриро барои бартараф кардани монеаҳо дар самтҳои зикргардида таъкид намуд.
Ҳамзамон, Президенти мамлакат ба соҳибкорону аҳли тиҷорат барои саҳми намоёнашон дар рушди иқтисодиёти кишвар, устувор намудани асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлат, бунёди корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии ниёзмандон ва ободу зебо гардонидани диёри бобоӣ муқаддас арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки тоҷирону соҳибкорон бо дарки масъулият ва номусу шарафи ватандорӣ оянда ҳам дар рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.
Баъди анҷоми суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, ки аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ва аз кишварҳои хориҷӣ ба ин мулоқот ҳозир шуда буданд, посухҳои қаноатманд дод.
Суолу дархост ва пешниҳодҳо, аз ҷумла аз ҷониби соҳибкорзан аз ноҳияи Ашт Замирахон Қаҳҳорова, соҳибкори моҳипарвар аз шаҳри Кӯлоб, Сурайё Уроқова аз ноҳияи Ҳисор, Илҳом Қурбонов ва Акбар Гуломов аз ноҳияи Ёвон, Гавҳар Хоҷаева аз шаҳри Ваҳдат, Баҳриддин Муҳиддинов аз ноҳияи Ховалинг, Абдураҳим Абдуғаффоров аз шаҳри Истаравшан, соҳибкори хоҷагидор аз ноҳияи Шӯрообод, Муҳаммадӣ Бердиев аз шаҳри Турсунзода, Исфандиёр Абдураҳмонов роҳбари ассотсиатсияи Заргарон, Раҳмоналӣ Файзалиев аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, Нусратулло Файзуллоев ва Ҳусния Шоинова аз шаҳри Қурғонтеппа, Ҳайдар Додоҷонов аз ноҳияи Зафаробод, соҳибкорзан аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маърифат Неъматова аз ноҳияи Дарвоз, соҳибкори тоҷик аз Федератсияи Русия, Диловар Орзуев аз ноҳияи Тоҷикобод, соҳибкори бахши чорводорӣ аз ноҳияи Бохтар, соҳибкорзан аз шаҳри Кӯлоб, соҳибкори собиқадор аз ноҳияи Ғончӣ, Шарофат Ғозиева аз ноҳияи Ҷиргатол, Баротбек Ҷалолов аз Бошқирдистони Федератсияи Русия, Надежда Сайфуллоева аз ноҳияи Файзобод, Сайфиддин Миров аз ноҳияи Муъминобод, Гавҳаршо Ҷаъфарӣ аз шаҳри Хоруғ, Заррина Бобокалонова аз шаҳри Панҷакент, Файзиддин Боронов аз ноҳияи Данғара, Салимабону Каримова ва Даврон Ҳасанов аз шаҳри Хуҷанд, Сайёд Камолов аз шаҳри Самараи Федератсияи Русия, як соҳибкори бахши коркарди обҳои маъданӣ ва Давлатёр Саломов аз ноҳияи Айнӣ, Далер Шарипов аз шаҳри Душанбе, соҳибкорзан аз ноҳияи Варзоб, Баҳриддин Додоев аз шаҳри Истравшан, ва Файзиддин Кабиров аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба миён гузошта шуданд.
Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар баррасии масъалаҳои матраҳшуда изҳори қаноат намуда, вобаста ба таклифу пешниҳодҳои судманди иштироккунандагони мулоқоти мазкур ба мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллӣ супоришҳои дахлдор дод. Таъкид гардид, ки ҳамаи таклифу пешниҳодҳои соҳибкорон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор бигиранд ва барои дар амал татбиқ намудани дархостҳои судбахши онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.