Суханронӣ дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе - 2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт»
Муҳтарам иштирокчиёни Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, шумо соҳибкорону сармоягузорони гиромиқадр, намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, олимону коршиносон ва меҳмонони азизро аз номи мардуми шарифи Тоҷикистон ба Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт» хайра мақдам мегӯям.
Иштироки шумо дар чорабинии имрӯза дар шаҳри Душанбе - пойтахти Ватани азизи мо боиси сарбаландиву хушҳолии мост.
Бовар дорам, ки ин Форум дар ҳаёти иқтисодии кишвар барои муколамаи судманд байни сармоягузорон ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва доираҳои коршиносони дохилу хориҷи мамлакат рӯйдоди муҳим мегардад.
Бо мақсади кам кардани таъсири манфии таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла оқибатҳои баъдибуҳронии молиявию иқтисодӣ, хавфи зиёдшавии сатҳи камбизоатӣ, дастрасии маҳдуди мардум ба оби тоза, озуқаворӣ, нерӯи барқ ва дигар маҳсулоту хизматрасониҳои ниёзи аввал, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тағйирёбии иқлим ва тамоюлҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳониву минтақавӣ, густариш ва таҳкими робитаҳои иқтисодии берунӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ба мо дӯст ва шарик вазифаи муҳимтарини сиёсати иқтисодии хориҷии кишвари мо мебошад.
Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як кишвари ҷаҳон комилан ҷавобгӯ мебошад.
Дар доираи форуми имрӯза мо мехоҳем бо таҷрибаи андӯхтаи рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоя ҳамчун омили асосии бартарафсозии оқибатҳои манфии буҳронҳо ва пешрафти иқтисодиёти миллӣ мубодилаи афкор намоем.
Яқин аст, ки кишвари мо дар давоми 23 соли истиқлолияти худ дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таҷрибаи муайян андӯхтааст.
Ҳамзамон бо ин, барои мо таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққӣ, ки ба бахши хусусии онҳо қариб 80 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва на камтар аз 70 фоизи шуғли аҳолӣ рост меоянд, хеле ҷолиб мебошад.
Иштироки шумо дар чорабинии имрӯза, маърӯзаҳо ва баромадҳо дар ҷаласаҳои пленарӣ ва бахшҳои форум, муошират, мубодилаи афкор ва ҳамкорӣ бо шарикони тоҷик мазмуни тоза мебахшанд ва бовар дорам, ки соҳибкорони ватанӣ шарикони боэътимоди тиҷоратии худро дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд пайдо менамоянд ва шумо низ ба мақсади худ ноил мегардед.
Дӯстони муҳтарам!
Масъалаҳои асосие, ки имрӯз дар Форум баррасӣ мешаванд, ба ҷабҳаҳои мухталифи рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат бахшида шудаанд.
Мақсад аз интихоби мавзӯъҳои мазкур аз аҳаммияти рушди соҳибкорӣ бармеояд, ки он дар тамоми ҷаҳон ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисодиёт эътироф гардидааст.
Зеро тавассути соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, шуғли аҳолӣ, афзоиши истеҳсолоти рақобатнок, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъмин карда мешавад.
Ҳамзамон бо ин, рушди соҳибкорӣ сарчашмаи асосии даромад ва воситаи инкишофи қобилияти эҷодиву зеҳнии одамон буда, табақаи миёнаҳоли аҳолиро, ки нерӯи асосии тараққиёти иқтисодӣ мебошад, ташаккул медиҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва сармоягузориро дар стратегияи рушди дарозмуддати худ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодӣ муайян карда, ба он пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Солҳои охир дар кишвар як силсила ислоҳот дар самти пешбурди соҳибкорӣ анҷом дода шуд, ки ба кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд.
Аз ҷумла ҷиҳати ташкили муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ таъсис дода шуд ва фаъолияти он ба соҳибкорону сармоягузорон имконият медиҳад, ки андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мустақиман ба Президенти мамлакат пешниҳод намуда, дар марҳалаҳои асосии қабул ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ иштирок намоянд.
То имрӯз дар кишвари мо дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, соддагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар ислоҳоти муҳим гузаронида шудаанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти иқтисодӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ мебошад.
Бо дарназардошти ин, низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ карда шуд, ки он ба соддагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, таъмини шаффофият, бартарафсозии монеаҳои гуногун дар самти ташкили шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ равона карда шудааст.
Дар самти ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки манфиатҳои субъектҳои соҳибкориро ифода мекунанд, қабул карда шуданд.
Вобаста ба ислоҳоти низоми андозбандӣ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки амали он аз соли 2013 оғоз шуд.
Дар асоси он номгӯи андозҳо ва шумораи эъломияҳои андоз кам карда шуданд.
Пешниҳоди ҳисоботи андоз тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки пеш аз ҳама боиси соддагардонии андозсупорӣ мешавад.
Илова бар ин, дар 23 соли истиқлолият Ҳукумати кишвар дар доираи ҳадафҳои стратегии худ ҷиҳати ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат лоиҳаҳои муҳимми ифрасохториро дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт бомаром татбиқ намуд, ки онҳо мустақиман ё ғайримустақим ба рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани дастрасӣ ба нерӯи барқ, осону камхарҷ кардани истифодаи роҳу пулҳо ва баромадан ба бандару бозорҳои тиҷоратии байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Соли ҷорӣ дар самти соддагардонии расмиёти пешбурди соҳибкорӣ, аз ҷумла бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти қувваи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарз, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои қарордод ва ҳалли масъалаи пардохтпазирии субъектҳои соҳибкорӣ нақшаи корӣ қабул гардид, ки татбиқи самараноки он боиси боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва шароити пешбурди соҳибкорӣ дар мамлакат хоҳад гардид.
Чунин фаъолият оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ низ амалӣ карда мешавад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таҳлили муфассали масъалаҳои рушди соҳа гузаронида шуда, ҷиҳати тақвияти рақобати озод, такмили низоми назорат ва қонунгузории он тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ тавсияҳои мушаххас омода карда шуданд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар марҳалаи рушди босубот қарор дорад ва дар арсаи сиёсат ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи худро рӯз аз рӯз устувор гардонида истодааст.
Дар соли 2012 узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон нишони возеҳи ин сиёсат буда, албатта барои пайвастани он бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равандҳои ҷаҳонии тиҷорат роҳи васеи ҳамкориҳоро хоҳад кушод.
Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ ҳеҷ гуна фарқият вуҷуд надорад.
Дар радифи ислоҳоти татбиқшуда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати эътироф намудани ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёриро идома медиҳад, ки бешубҳа ба осон ва содда намудани ҷараёни фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон равона карда шудааст.
Ислоҳот дар самти ташкили бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат, тақвият бахшидани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, таъсис ва мукаммал гардонидани низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии соҳибкорӣ, ҷиҳати воридоту содирот ва транзити молу хизматрасонӣ, оид ба дастрас намудани иҷозати сохтмон ва барои бақайдгирии амволи ғайриманқул идома дорад.
Муҳтарам иштирокчиёни Форум!
Сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, дар кишвар рушди босуботи иқтисоди миллӣ дар ҳабдаҳ соли охир ба ҳисоби миёна дар сатҳи зиёда аз 7 фоиз таъмин гардид.
Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳамаи шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст.
Вале дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ мавҷудияти масъалаҳо ва монеаҳои гуногуни рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ табиӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин, муҳим он аст, ки мушкилот ва масъалаҳои ҷойдоштаи рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат буда, дар ин самт тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.
Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву дастгирии соҳибкорӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёт яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад ва Ҳукумат дар сиёсати пешгирифтаи худ устувор аст.
Ҳамзамон бо ин, Тоҷикистон имкониятҳои зиёди истифоданашуда дар соҳаҳои инфрасохтор, энергетика, об, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, канданиҳои зеризаминӣ, молия ва фаъолияти бонкӣ дорад, ки метавонанд таваҷҷуҳи шумо, сармоягузорон ва соҳибкорони гиромиро ҷалб намоянд.
Мо бовар дорем, ки ҳамчун натиҷаи форуми имрӯза рушди соҳаҳои номбурда тавассути сармоягузориҳои воқеӣ басо муҳим ва муассир арзёбӣ мегардад.
Захираҳои об боигарии асосии Тоҷикистон мебошанд. Зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби софи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
Тоҷикистон дорои имконияти истеҳсоли 527 миллиард киловатт - соат нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозатарин ва аз назари иқтисодӣ арзонтарин дар як сол буда, айни замон танҳо 6 фоизи он истифода бурда мешавад.
Аз ин рӯ, ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар рушди соҳаи гидроэнергетика ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардидааст.
Зиёд кардани истеҳсоли нерӯи барқ тавассути сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии миёнаву бузург на танҳо ба фоидаи Тоҷикистон, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои рушдёфтаистодаи ҳамсоя ва дигар минтақаҳо мебошад.
Беҳуда нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Энергияи устувор барои ҳама» ҳамчун кишвари пилотӣ пазируфта шудааст.
Ҳамзамон бо ин, мо ба рушди соҳаи коркарди маҳсулоти саноати сабук, аз ҷумла маҳсулоти нассоҷӣ, матоъҳои пахтагӣ, либос, оби ошомиданӣ ва монанди инҳо аз тариқи ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои муосир диққати махсус медиҳем.
Зеро Тоҷикистон захираҳои бойи нахи пахта ва оби ошомиданӣ дорад, ки ба сифати ашёи хом дар чунин соҳаҳо истифода мешаванд.
Тоҷикистон иқтидори бузурги рушди соҳаҳои аграрӣ ва агросаноатиро дорад. Кишвари мо барои парвариши номгӯи зиёди сабзавоту меваҳои аз ҷиҳати биологӣ тоза шароиту иқлими ниҳоят мусоид дорад, чунки рӯзҳои офтобии кишвар тахминан 300 рӯзро дар давоми сол ташкил медиҳанд.
Инчунин имконияти хуби рушди соҳаи агросаноатӣ тавассути истеҳсоли гӯшту шир, сабзавоту меваи тару хушк ва монанди инҳо вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ, рушди ин соҳаҳоро мо барои ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ - таъмини амнияти озуқаворӣ самти дигари афзалиятнок муайян кардаем.
Истифодаи қаъри замин дигар соҳаи муҳимтарини рушди эътимодбахши иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад.
Мо барои ҷалби сармоя ҷиҳати коркарди маъдан имконияти васеъ дорем.
Дар кишвар зиёда аз 600 кони захираи табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян ва кашф шудааст ва барои азхуд намудан омода мебошад.
Аз ҷумла, дар қариб 100 кон тақрибан 40 намуди маъдан истихроҷ мегардад. Кишвари мо ҳамаи навъҳои сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми заруриро доро буда, истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судовари иқтисодист.
Инчунин рушди энергетика, ки омили асосии тараққиёти соҳаи саноат, махсусан соҳаи металлургия ва коркарди маъдан ба ҳисоб меравад, майдони васеъ барои ҳамкорӣ мебошад.
Самти дигаре, ки мехостам диққати шуморо ба он ҷалб намоям, ин лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ мебошад, ки барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.
Чунки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон имконияти хуби ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакатро фароҳам меорад.
Ҳамаи лоиҳаҳои мазкур ба мисли барномаҳои гидроэнергетикии мо дорои аҳамияти минтақавӣ буда, аз лиҳози сармоягузорӣ фоидаоваранд.
Тоҷикистон бо мероси ғании таърихиву фарҳангӣ, кӯҳҳои баланд, табиати зебо, ҳайвоноту наботот ва кӯлҳои нодир барои рушди соҳаи туризм, аз ҷумла туризми кӯҳӣ ва солимгардонӣ имкониятҳои беҳтарини сармоягузорӣ дорад, ки ҳоло пурра истифода нашудаанд.
Бо дарназардошти имкониятҳои сармоягузорону соҳибкорон соҳаҳои саноати кимиё ва фармасевтӣ метавонанд самтҳои дигари ояндадори ҷалби сармоя ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди моро ташкил диҳанд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд”, “Панҷ”, “Данғара” ва “Ишкошим” таъсис дода шуда, фаъолият доранд.
Дар ин минтақаҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотию хизматрасонӣ ва ғайра шароити имтиёзӣ фароҳам оварда шудааст.
Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолатҳо ва имтиёзҳоро, аз ҷумла вобаста ба андозбандӣ ва амалиёти гумрукӣ муайян намудааст. Ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт - бахшҳои энергетикиву истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди пурраи алюминий, пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ имтиёзҳои махсуси иловагӣ пешбинӣ шудаанд.
Шарикони муҳтарам!
Албатта барои пурра ва самаранок истифода бурдани захираҳо ва имкониятҳои бузурги зикргардида сармоягузории зиёд лозим мебошад.
Бешубҳа, сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ дар оқилона ва самаранок истифода намудани сармоя таҷрибаи зиёде доранд.
Аз ин лиҳоз, ба соҳибкорони ватанӣ зарур меояд, ки аз ташрифи шумо истифода бурда, ҷиҳати пайдо намудани самтҳои афзалиятнок дар ривоҷи истеҳолот ва васеъ намудани содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.
Тоҷикистон метавонад бо ин роҳ яке аз минтақаҳои муҳим барои истеҳсол ва содироти маҳсулоти гуногун ба кишварҳои хориҷӣ гардад.
Дар баробари ин, сармоягузорони хориҷӣ метавонанд бо истифода аз ин фурсати муносиб бо имкониятҳои сармоягузории кишвари мо шинос гардида, ҳамкориҳоро бо шарикони тоҷикистонии худ ба роҳ монанд.
Имрӯз ҷониби Тоҷикистон барномаҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҷолибро дар соҳаҳои афзалиятнок ба шумо муаррифӣ менамояд ва умедворем, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо шумо самаранок татбиқ мешаванд.
Бовар дорам, ки ҳамаи ширкаткунандагони Форуми имрӯза дар баромадҳо ва табодули афкор фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои созанда талош мекунанд.
Мо омодаем, ки барои тақвияти чунин ҳамкориҳо байни сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ тамоми шароити муносибро фароҳам орем ва ниятҳои неки ширкату соҳибкорон ва сармоягузорони дохиливу хориҷиро дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.
Таъкид менамоям, ки ҳамаи фикру пешниҳодҳои шумо, ки дар ин форум садо медиҳанд, аз ҷониби сохторҳои дахлдор ба инобат гирифта шуда, вобаста ба ҳалли онҳо ҳатман чораҷӯӣ карда мешавад.
Дӯстони азиз!
Ҳоло Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 -ро таҳти унвони «Соҳибкорӣ - муҳаррики иқтисодиёт» кушода эълон карда, бори дигар шумо, меҳмонони азизро ба сарзамини бостонии Тоҷикистон хайра мақдам мегӯям ва ба ҳамаи шумо дар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд комёбиҳо орзу менамоям.
Пирӯзу хонаобод бошед!