Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (минбаъд «Тарафҳо»),
бо дарназардошти рағбати тарафайн ба таҳкиму тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар асоси эътимод ва дастгирии мутақобила,
Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 15 марти соли 2007-ро ҳамчун пояи муҳими ҳуқуқӣ барои рушду тавсеаи феълию ояндаи робитаҳои ҳамаҷониба ва ҳамкории шарикӣ миёни ду давлат ва халқҳои дӯст ба асос гирифта,
бо ибрози қаноатмандӣ аз моҳияти ҳамкории байни ду кишвар дар чаҳорчӯби дуҷониба ва бисёрҷониба ва рафти татбиқи мувофиқатҳое, ки қаблан дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд,
бо тасдиқи ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои Оинномаи СММ, усулҳо ва меъёрҳои маъмули ҳуқуқи байналмилалӣ,
бо изҳори пуштибонии мутақобила аз соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои ду давлат,
бо итминон ба он, ки боздиди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густаришу таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду давлат мусоидат хоҳад кард,
изҳор менамоянд:
1. Ҷонибҳо азми худро дар ҷиҳати минбаъд низ фаъолона идома додани муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун роҷеъ ба тамоми масоили муносибатҳои дуҷониба ва инчунин мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавие, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн аст, эълом медоранд.
2. Ҷонибҳо робитаҳои байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми таркибии ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, зарурати фаъол кардани робитаҳо байни парлумонҳои ду кишвар ва ташкили сафарҳои мунтазами мутақобилаи аъзои парлумонҳоро таъкид мекунанд.
3. Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои зич ва ҳамоҳангсозии саъю кӯшишҳо оид ба масъалаҳои мавриди манфиати умум, инчунин пуштибонии мутақобила аз мавқеъҳои ҳамдигар дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ тасдиқ менамоянд.
4. Ҷонибҳо зарурати ҳалли мусолиҳатомези низои Арманистону Озарбойҷон-Қарабоғи кӯҳиро дар асоси риоя ва таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, мутобиқи меъёрҳои маъмулии ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои дахлдори Шӯрои амнияти СММ ва қарорҳои САҲА қайд мекунанд.
5. Ҷонибҳо бо ишора ба талошҳо дар доираи САҲА, ки ба ҳалли осоиштаи низои арманию озарбойҷонии Қарабоғи Кӯҳӣ равона шудааст ва инчунин фаъолияти Гурӯҳи Мински САҲА, аҳамияти муҳимми роҳандозии иқдомҳои муассиртар ва қатъитарро дар ин самт қайд намуданд.
6. Ҷонибҳо, мавқеи худро дар мавриди норавоии истифодаи зӯрӣ барои тағйири марзҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда тасдиқ намуда, бар зидди амалҳое, ки ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлатҳо хатар эҷод мекунанд, пуштибонии ҳамдигарро изҳор медоранд.
7. Ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, савдо, нақлиёт, туризм, илму маориф, фарҳанг, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, инчунин дар бахши тандурустӣ, карантини растаниҳо ва байторӣ изҳор мекунанд.
8. Ҷонибҳо дастовардҳои назаррасро дар соҳаи тиҷорату иқтисод таъкид карда, нақши хосаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро қайд менамоянд.
9. Ҷонибҳо фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ, молиявӣ ва ҳуқуқиро барои фаъолияти соҳибкорӣ ҳавасманд мекунанд ва инчунин ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ, тавсеаи имконияти воридшавии молу хидматгузориҳо ба бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мусоидат мерасонанд ва ташкили форумҳои соҳибкорӣ, ки барои таҳкими робитаи миёни доираҳои соҳибкорӣ равона шудаанд, дастгирӣ менамоянд.
10. Ҷонибҳо тарафдории худро дар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди чолишу хатарҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, терроризм, ифротгароию ҷудоихоҳӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадору психотропӣ ва прекурсорҳои он, фурӯши одамон, ба расмиятдарории (қонунигардонии) даромадҳои ғайриқонунӣ ба дастомада ва паҳн кардани аслиҳаи қатли ом, ки ба сулҳ ва суботи байналмилалӣ таҳдид мекунанд, эълом дошта, алоқамандиро ба рушди хамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт баён карданд.
11. Ҷониби Озарбойҷон талошҳои ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими сулҳу субот ва рушди минтақаи Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ менамояд.
12. Ҷонибҳо муносибатҳои худро бар асоси ҳамкории васеъ ва эътимоди мутақобила, эҳтироми истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ, принсипҳои дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои мутақобила ба роҳ мемонанд.
13. Ҷонибҳо дар ростои ҳадафҳои дарозмуддат аз тавсеаи ҳамкории байни ниҳодҳои ҳокимияти иҷроия пуштибонӣ мекунанд.
14. Ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои илмию-техникӣ дар самтҳои илм, техника ва соҳаҳои фанновариҳои наве, ки ҷавобгӯи манфиатҳои мутақобила мебошанд, омодагии худро изҳор намуда, рушди робитаҳои марбутаро дар ин самтҳо ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ мекунанд.
15. Ҷонибҳо барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва озарӣ ва интишори адабиёти миллӣ, инчунин густариши робитаҳо байни ходимони фарҳангу илм мусоидат хоҳанд кард. Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштаракро байни сохторҳои дахлдори худ дар самти барномаҳои табодули донишҷӯён ва устодон тарафдорӣ мекунанд.
16. Сарони ду давлат аз натиҷаҳои музокирот, ки дар фазои ҳусни созандагӣ, ҳусни тафоҳум ва эьтимоди тарафайн доир гардиданд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид мекунанд, ки мулоқоти сатҳи олӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон саҳми босазо гузошт ва дурнамои нави ҳамкориҳоро муайян намуд.
Дар шаҳри Душанбе «16» октябри соли 2014 дар ду нусхаи асл ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, озарӣ ва русӣ ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон
Эмомалӣ Раҳмон Илҳом Алиев