Изҳорот матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Имрӯз мо бо Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Ҳайдарович Алиев дар ҳошияи сафари расмиатон ба кишвари мо мулоқоти пурмазмуну судманд анҷом додем.
Мо дар ҷараёни ин мулоқот доираи васеи масоили дуҷонибаи дорои хусусиятҳои минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор додем.
Ман қаноатмандиамонро аз вазъи ҳозираи ҳамкорӣ иброз доштам.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба масоили ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Мо ба ҷиҳатҳои мухталифи муносибатҳои байни кишварҳоямон дахл карда, бахшҳои авлавиятдори ҳамкориро, ки метавонистем дар ростои онҳо ҳамкории мутақобилан муфидро роҳандозӣ ва рушд диҳем, қайд намудем.
Бо назардошти ин мо умедвориамонро ба густариши фаъолияти сармоягузории соҳибкорони Озарбойҷон дар бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва соҳаи нафту гази Тоҷикистон, истифодаи захираҳои минералӣ, ҳамчунин ба ҳамкории низомҳои бонкии ҳар ду давлат умедворӣ иброз медорем.
Таъкид шуд, ки маҳдудияти имконоти нақлиётию коммуникатсионӣ яке аз омилҳоест, ки монеаи рушди тиҷорати мутақобилаи миёни кишварҳоямон мебошад.
Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишварҳоямон табиист, ки чунин тиҷорат ташкили инфрасохтори заруриро тақозо мекунад.
Мо дар ин бахш ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим дар доираи лоиҳаи ТРАСЕКА, Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар Боку қарор дорад, манфиатдор мебошем.
Мо ҳамчунин ба роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон манфиатдорем.
Мо ҳамкории фарҳангию гуманитариро ба дараҷаи баланд арзёбӣ карда, аҳд намудем, ки соҳаҳои ҳамкориро дар ин самт густариш диҳем. Пешниҳодоти нав зикр шуданд, ки мақсад аз онҳо тарғиби васеътари мероси бузурги фарҳангии аҷдодони мост.
Ман, аз ҷумла, пешниҳод намудам, ки соли оянда дар ҳар ду кишвар НИЗОМИХОНЙ - чорабиниҳо бахшида ба асарҳои классики машҳури адабиёти форсу тоҷик ва фарзанди бузурги халқи Озарбойҷон Низомии Ганҷавӣ рӯи кор оварда шаванд.
Мо ҳамчунин масоили дорои хусусиятҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вазъияти Афғонистонро баррасӣ намудем.
Дар ҷараёни баррасиҳоямон ихтилофоти Қарабоғи Кӯҳӣ яке аз мавзӯъҳои муҳим буд. Ман нуқтаи назарамонро оид ба ин проблема баён карда, арз намудам, ки Тоҷикистон чун кишваре, ки ҳамаи даҳшатҳои ҷангро аз сар гузаронидааст, мавқеи принсипиалии ҳалли сулҳомези ихтилофотро дар заминаи қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ ҷонибдорӣ менамояд.
Мо дар баробари ин ба масоили ҳамкории минбаъдаи байни кишварҳоямон дар доираи бисёрҷонибӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштем, ки мавқеъҳои кишварҳоямон аз рӯи бисёр масоили дорои хусусиятҳои байналмилалию минтақавӣ якгуна ё ба ҳамдигар наздиканд.
Муносибатҳои консептуалии Тоҷикистону Озарбойҷон ба онҳо дар доирахои СММ, САҲА, ИДМ, ТҲИ ва СҲИ ба рушди босуръату муназзами муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон мусоидат мекунанд.
Аз рӯи натоиҷи мулоқот мехоҳам изҳор намоям, ки мо ба ояндаи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон назари некбинона дорем, азму иродаи қавӣ дорем, ки барои рушду густариши минбаъдаи онҳо ҳамаи корҳоро анҷом диҳем.