Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Пекин шуданд
Нашр шуд. Якш, 20/08/2023 - 23:21
Нимаи дуюми рӯзи 20 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.