Китоби «Тоҷикон» дар нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия нашр шуд

Нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия шоҳасари фарзанди баруманди Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров —«Тоҷикон»-ро дар ду ҷилд ба забони арабӣ аз чоп баровард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар, ки нашри китоб таҳти назорат ва бо муқаддимаи ӯ анҷом ёфтааст, хабар дод.

Китобро адиб ва тарҷумони шинохтаи Сурия  доктор Иброҳим Истанбулӣ ба забони арабӣ баргардонидааст.

Ёдовар мешавем, ки тарҷумаи осори як силсила адибони бузурги Русия, аз ҷумла Расул Ғамзатов ва дигар нависандагони Доғистон ба забони арабӣ ба қалами доктор Иброҳим Истанбулӣ тааллуқ дорад.

Дар муқаддимаи «Тоҷикон» ба забони арабӣ, аз ҷумла омадааст: «Лоҷарам, хонандаи араб бо таърихи халқи тоҷики куҳанбунёд ҳанӯз тавассути китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ду маротиба дар Қоҳира солҳои 2009 ва 2011 дар чор ҷилд дар нашриёти Дору-л-фикри-л-арабӣ ба табъ расида буд, бори нахуст шинос шудааст ва акнун чопи ин китоб фурсати дигареро ба хонандаи араб барои шиносоии амиқтар муҳайё месозад».

Ҳамчунин муаллифи муқаддима ба таваҷҷуҳи хонандаи араб мерасонад, ки китоби «Тоҷикон» дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳамияти беандоза касб намуда, бо ташаббуси Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ нашр ва ба ҳар хонадон эҳдо шуд. Ҳамзамон маъракаи тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ оғоз шуда, соли 2023 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардид.

Ноширон, тавре ки дар паёми худ (нусхаи он дар ихтиёри АМИТ «Ховар» қарор дорад) ба унвони Сафорати Тоҷикистон дар Москва изҳор доштаанд, чопи якуми тарҷумаи ин шоҳасарро ба муносибати Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун армуғон ба Соҳиби ташаббуси тарғиби он- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшидаанд.