Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон муҳтарам Рустам Минниханов мулоқот доир намуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия таъкид намуданд
Дар ин замина ба густариши босамари робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон - яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Федератсияи Русия, изҳори алоқамандӣ карда шуд.
Тақвияту тавсеаи робитаҳои мустақими иқтисодӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои рӯзмарра арзёбӣ гардиданд.
Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ ва кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номбар шуданд.
Ҷонибҳо имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила, ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин самтҳо қайд карданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, инчунин, алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.
Пешвои миллат изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари Раиси Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Русия таҳким хоҳанд бахшид.