Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт
1 сентябр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи «Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерландия ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028-ро пазируфт.
Бояд хотиррасон намуд, ки бори нахуст ин ташаббус аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат зимни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк) садо дода буд.
Қатъномаи мазкур дар асоси ташаббусу пешниҳодҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Конфронси оби СММ эълон гардида буданд, омода шуда, ишора ба суръати пасти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 менамояд ва таъсири манфии ин равандро барои инсоният дар роҳи расидан ба рушди устувор таъкид месозад.
Қатънома инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ҳама сатҳҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафу мақсадҳои марбут ба обу санитарияи Рӯзномаи 2030, хусусан барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ зарур мешуморад.
Дар бахши амалиётии қатънома дар баробари қарори баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид соли 2028 дар Тоҷикистон инчунин соли 2026 барпо намудани Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об ҷиҳати суръатбахшии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) 6 таъйид гардидааст.
Инчунин Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз Дабири кулли СММ даъват ба амал овардааст, ки то охири иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар машварат бо давлатҳои аъзои СММ стратегияи фарогирро оид ба обу санитария омода ва ба кишварҳои аъзо пешниҳод намояд.
Қабул гардидани санади мазкур бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ муҳим хонда, ба ташаббус ва иқдомҳои мо эътимоду боварии комил дорад.
Воқеан ҳам Конфронси СММ оид ба об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2028), ки бори аввал дар мамлакатамон баргузор мегадад, барои боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҷумҳурӣ рӯйдоди таърихӣ ва беназир хоҳад шуд.