ДУШАНБЕИ ГУЛБАДОМОН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба пешвози ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Пан, 07/09/2023 - 15:02
Гулгашти назди Сирки давлатӣ, дар буриши хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба пешвози ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хосса оро ёфтааст.
Ба хушҳолии кӯдакону наврасон ва хурсандии пиру ҷавон дар ин макони гулбадомон нигариста, кас шукронаи сулҳу оромӣ ва ваҳдати Ватан менамояд.
Мояи ифтихор аст, ки пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе рӯз то рӯз ободу зебо ва дилработар шуда, гулгашту боғҳои фарҳангию фароғатии он макони писандидаи хурду калон мегардад.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» ин гуфтаҳоро тақвият мебахшад.