БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: 32 тавсифи Истиқлол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзише аст, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Дар робита ба он суханҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди Истиқлолият- ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамоем.

Истиқлолияти мардуми тоҷик решаи қадимиву устувори маънавӣ дорад ва ибтидои давлатдории мо ба аҳди Каёниён рафта мерасад. Тоҷикон аз азал бо арзишҳои инсондӯстонаву муносибати хайрхоҳона ва меҳнати бунёдкорона шуҳрат ёфтаанд ва бисёр анъанаву суннатҳои неки онҳо ба хазинаи маънавии умумибашарӣ ворид шудаанд.

***

Дар солҳои  истиқлолият асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдор гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳувияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад.

***

Маҳз ба шарофати истиқлолият мо дар сарзамини аҷдодии худ осудаҳолона зиндагиву меҳнат мекунем.

***

Истиқлолияти мо дастоварди воқеии халқи бошарафу заҳматкаши тоҷик буда, ягон давлати хориҷӣ ҳақ надорад, ки низоми сиёсӣ, идеология ва ғаразҳои геополитикиашро ба гардани мо бор кунад.

***

Баҳри ноил гаштан ба истиқлолияти комил зарур буд, ки ҳар шаҳрванд моҳияти давлати миллиро дарк намояд, аз ҳадафҳои аслии истиқлолият, унсурҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва оини ватандорӣ огоҳ бошад.

***

Дар айни замон таърихи навини халқи тоҷик як нуктаи ҳаётан муҳимро собит намуд: истиқлолият ва якпорчагии ҳар давлат дар сурате пойдор хоҳад монд, ки дар саросари мамлакат  сулҳу амонӣ ва волоияти қонун ҳукмфармо бошад. Бинобар ин мо тамоми кӯшишро ба он равона месозем, ки сулҳи деринтизор дар Тоҷикистон ҳаргиз халалдор нагардад ва ба хотири пос доштани истиқлолияти миллӣ дар байни неруҳои гуногуни сиёсӣ фазои якдигарфаҳмӣ таъмин бошад.

***

Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллати мо будааст.

***

Ҷашни  истиқлолияти навини Тоҷикистон, ҷашни  дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарин миллати Осиёи Марказӣ — тоҷикон, ҷашни  барқароршавии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки бо вуҷуди анъанаи деринаи давлату давлатдории хеш бори дигар дар интиҳои асри XX истиқлолияти воқеиро соҳиб шудааст.

***

Агар ба таърихи ҳазорсолаҳои дур ва даҳсолаҳои наздики миллати тоҷик бо чашми таҳқиқ бингарем, мебинем, ки аксари набарду талошҳои ошкору ниҳон дар такдири таърихии халқамон баҳри расидан ба истиқлолияту идомаи давлатдории аҷдодӣ будааст.

***

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

***

Рисолати истиқлолиятхоҳии фарҳангӣ бо рукнҳои мухталифаш тавонист миллати борҳо аз истиқлолияту давлатдорӣ маҳрумгаштаи моро боз ба истиқлолияту соҳибдавлатӣ бурда расонад.

***

Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.

***

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид.

***

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

***

Эълони истиқлолияти комили давлатамон мебоист масъулияти ҳамватанони моро баҳри истеҳком бахшидани пояҳову рукнҳои давлати соҳибихтиёр меафзуд. Вале, мутаассифона, дар ҷомеа шахсон ва қувваҳои сиёсие зуҳур намуданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифтанд, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ болотар гузоштанд ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги гражданӣ кашиданд.

***

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.

***

Истиқлолият неруи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони моро хеле ва хеле боло бурд. Маҳз  истиқлолият моро ба решаҳои тавонои давлату давлатдории чандҳазорсолаамон пайваст намуд ва аз шоҳраги он ба ҷисму ҷони давлати соҳибистиқлоли миллиамон қувваи тоза ва неруи солим дамид.

***

Истиқлолият барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он ба тақдири наслҳои оянда вобаста мебошанд.

***

Арзиши истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз онҳо ифтихор менамояд. Ин мафҳумҳо барои мо, тоҷикон, махсусан азиз ва муқаддас мебошанд.

***

Ҳамаи  иқдоми созанда ва нақшаву корҳои пешгирифтаро мо ба хотири истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ — ин неъмати бебаҳо ва гавҳари пурарзиши ҳастии халқамон анҷом хоҳем дод.

***

Истиқлолият оғози зиндагии нави халқамон ва ибтидои марҳилаи тозаи ҳаёти сиёсии давлати миллии тоҷикон аст. Ба ибораи дигар, ҳар соли ҳаёти сиёсии мамлакатамон аз рӯзи Истиқлолият оғоз мегардад ва мо ҳар кореро, ки давоми сол анҷом медиҳем, ба номи истиқлолият ва ба хотири таҳкими истиқлолият аст.

***

Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хоса пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.

***

Имрӯз боз моро ин андеша пеши рӯ меояд, ки маънии истиқлолияти воқеӣ чист ва дастоварди бузургтарини он аз чӣ иборат аст? Маънои истиқлолият барои мо ин аст, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳои озод ҷо гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

***

Истиқлолият барои ҳамаи наслҳои миллати мо, аз ҷумла ниёгони сарбаландамон ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммули оқилона ва ҳусни табдир дар ниҳоди давлатдории аҷнабиён пеш бурдани суннатҳои давлату давлатдории аҷдодӣ будааст.

***

Истиқлолият барои мо як марҳилаи сифатан наву воқеии таърихи талошҳои озодихоҳона ва кору пайкорҳои ошкору ниҳони расидан ба давлату давлатдории миллӣ ва ҳифз намудану пос доштани мероси маънавию фарҳангии миллат мебошад.

***

Аз баракати истиқлолият бояд  меҳри Ватан ва меҳри сарзамини аҷдодӣ дар дили мо пайваста афзояд ва ҳар фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус чун вориси ҳақиқии давлати соҳибистиқлол ва узви хонадони миллати солору сарбаланди тоҷик ифтихор намояд.

***

Ҳар гоҳ сухан аз истиқлолияти давлатӣ ё миллӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.

***

Барои он ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи давлатҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем. Зеро давлат ва ҷамъият ҳамеша дар инкишоф буда, дар ҳар марҳилаи таърихӣ ба онҳо хатар ва омилу падидаҳои номатлуб таҳдид мекунанд. Бо дарназардошти чунин омилҳо мо имрӯз бояд ба се масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем: якум — таъмини амнияти милливу давлатӣ, дуюм — суботи сиёсӣ ва сеюм — рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ.

***

Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва талқину таҳкими он дар қалби мардум, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят барои ҳифзи истиқлолияти Ватан раҳнамоӣ намуда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст.

***

Истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиндагии озодонаи ҳар фард ва бахту саодати воқеии миллат аст.

***

Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.

***

Истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

***

Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Вобаста ба ин, мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо намуд.

Таҳияи Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
АМИТ «Ховар»