Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар кори он беш аз 100 нафар волонтёрони фаъол, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни баргузории форум волонтёрони Осиё Марказӣ- мутахассисони сатҳи байналмилалӣ вобаста ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ва боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба фаъолияти волонтёрӣ сухан гуфтанд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон утоқи волонтёрон фаъол буда, дар он ихтиёриён дар тамоми самтҳои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Хусусан дар шаҳри Душанбе рушду ҳаракати волонтёрӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш ҳисобида мешавад.
Ҳадафи Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ- муттаҳид намудани волонтёрон, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва ҷонибҳои ҳавасманд ҷиҳати омӯхтани равишҳои инноватсионӣ барои амалӣ намудан ва рушди фаъолияти волонтёрӣ, ташвиқи фаъолияти волонтёрӣ ҳамчун амали муҳим барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Вазифаҳои асосии форуми мазкур аз мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои волонтёрӣ иборат буда, дар раванди баргузории форуми мазкур ҷонибҳо вобаста ба фаъолияти ҳаракатҳои волонтёрии давлатҳои худ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, дастовардҳои худро дар ин раванд муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон иштирокчиёни Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ атрофи масъалаҳои мубрам оид ба тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тавассути якҷоя намудани саъю кӯшишҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар раванди таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштараки волонтёрӣ ибрози андеша менамоянд.
Ҳамзамон форуми мазкур ба пурзӯр намудани робитаҳои дӯстона ва фарҳангӣ байни ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»