Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Осиёи Марказӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд
19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Осиёи Марказӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.
Кори ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ифтитоҳ намуд.
Роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар қолаби «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Осиёи Марказӣ» мусоидат хоҳад намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои давлатҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ менамоянд.
«Дар заминаи вазифаи таъхирнопазири пешбурди «иқтисоди сабз» Тоҷикистон ба рушди энергетикаи сабз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад», — таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, истеҳсоли «неруи сабз», ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рушду пешрафти давлатҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, андешаронӣ намуданд.
Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба масъалаи афзоиши таҳдиду хатарҳо, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иқтидори логистикии худ, аз ҷумла 6 пул дар марз бо Афғонистонро барои расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии давлати ҳамсоя пешкаш намуда, неруи барқ ва тавассути бозорҳои наздисарҳадӣ, ки фаъолиятиашон аз нав ба роҳ монда шуд, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ содирот менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки субот дар Афғонистон омили муҳими рушди робитаҳои байниминтақавӣ мебошад, аз ин рӯ, мо манфиатдор ҳастем, ки сулҳу субот дар ин давлат ҳарчи зудтар барқарор шавад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули Эъломияи ин ҳамоишро ҷонибдорӣ менамоем.
Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-Осиёи Марказӣ» Эъломияи сарони давлатҳо қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкорӣ байни давлатҳои ин ҳамоиш дарҷ шудаанд.