БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ

Устод Садриддин Айнӣ,  чунонки аз осораш пайдо аст, ба падари шеъри тоҷикӣ иродату эҳтироми хосе қоил будааст. Ҳамин эътиқод ва иродати махсус ба Одамушшуаро будааст, ки устод Айнӣ ба навиштани мақолоти арзишманди тадқиқӣ дар бораи Устод Рӯдакӣ ва хусусияти шеъри ӯ иқдом намуда, на танҳо бунёди рӯдакишиносиро дар Тоҷикистон гузошт, балки дар натиҷаи ковишҳои пурсамари илмӣ-тадқиқотияш дар бораи  шоир  нахустин бор ба бозкушоии санъати шеъри устод, муъҷизаосоии сухани ӯ ва кашфи мазори гумноми устод Рӯдакӣ низ шарафёб гардид. Чунин ибрози назар намуданд ходимони илмии Институти забон ва адабиёти Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ, ки дар Тоҷикистон 22 сентябр эълон гардидааст.

— Дар бораи хусусият ва дастовардҳои устод Садриддин Айнӣ дар рӯдакишиносӣ адабиётшиносони номвари тоҷик Расул Ҳодизода, Мирзо Муллоаҳмадов, Абдухолиқи Набавӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Музаффари Муҳаммадӣ ва дигарон ибрози андеша намудаанд. Ҷустуҷӯҳои аввалини тадқиқотии устод Айнӣ дар бораи рӯзгор ва осори устод Рӯдакӣ ҳангоми таҳия ва тадвини тазкираи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» оғоз ёфтаанд. Ҳамон гуна ки маълум аст, вай ин тазкираро бо зикри ном ва осори Одамушшуаро оғоз бахшида буд.

Ва ҳамон замон устод Айнӣ эҳсос намуда буд, ки маълумоти сарчашмаҳои адабӣ дар бораи устод Рӯдакӣ хеле кӯтоҳ ва ноқису нокомил мебошад. Бинобар он, ҷиддан ба гирдоварӣ ва омӯзиши маълумоти сарчашмаҳои адабӣ машғул шуда, дар натиҷа аз «Китоб-ул-ансоб» маълумотеро пайдо намуд, ки дар он доир ба мазори Рӯдакӣ сухан мерафт. Ва кашфи нуктаҳои асосии ин маълумоти муфид аз муҳаққиқин аввалин бор маҳз ба устод Садриддин Айнӣ муяссар шуд, ки дар тадқиқоти махсуси ӯ бо номи «Устод Рӯдакӣ» дарҷ гардидааст.

Дар таҳия, тадвин, гирдоварӣ ва нашри осори устод Рӯдакӣ низ аввалин ибтикорот дар Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ пайванд мегирад. Ҳамин тавр, саҳми устод Садриддин Айнӣ дар шинохтан ва шиносонидани шахсият ва осори устод Рӯдакӣ назаррасу чашмгир аст ва маҳз бо пешниҳод ва ташаббуси ӯ аввалин бор дар Тоҷикистон масъалаи баргузории ҷашни 1100-солагии Одамушшуаро соли 1940 ба миён гузошта шуд, ки поёнтар дар ин хусус суҳбат хоҳем дошт. Дигар ин ки нахустин бор дар бораи санъатҳои шеъри устод Рӯдакӣ ва муъҷизаосоиву сеҳрангезии сухани ӯ ва сабки эҷодии ӯ дар адабиётшиносии тоҷик устод Садриддин Айнӣ ибрози ақида намуда, саҳли мумтанеъ будани услуби эҷодии ӯро махсус таъкид намуда буд: «Агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, мувофиқ меояд. «Саҳли мумтанеъ» чизе аст, ки дар дидан осон ва сода менамояд, аммо ба вуҷуд овардани вай мумтанеъ, яъне номумкин аст. Бештарини шеърҳои Рӯдакӣ ҳамин хусусиятро доранд».

Заминаи асосии рӯдакиҷӯйӣ ва рӯдакипажӯҳии устод Айнӣ ҳамоно аз замони навишта шудани тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» гузошта шудааст. Дар бораи Одамушшуаро хеле кӯтоҳ ва мутазоду нақиз будани маълумоти сарчашмаҳои адабиро ба эътибор гирифта, ӯ дар тазкирааш пас аз овардани намунаҳои шеъри Рӯдакӣ зери боби «Баъзе маълумот» ахбори тозаи сарчашмаҳои он замон дастрасашро бо каме шарҳу тавзеҳ нишон дода, аз ҷумла овардааст: «… Ҳарчанд пеш аз Рӯдакӣ мисли Баҳроми Гӯр, ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ ва Хоҷа Абулаббоси Марвазӣ шеър иншод карда бошанд ҳам, гуфтаи эшон ба дараҷаи девон нарасида, бинобар ҳамин сабаб номи Рӯдакӣ ба сардафтарии «Намунаи адабиёти тоҷик» гузашт».

Ин ҷо сабаби дар аввали тазкира сабт шудани номи устод Рӯдакиро ба таври мӯъҷаз шарҳ додани устод Айнӣ воқеан аз камоли огоҳӣ ва ифтихори беандоза аз меросдории ӯ аз таърихи адабиёти тоҷикӣ ва шинохти ҳаққонии ӯ аз халлоқияти ҳунари шоирии устод Рӯдакӣ ва шеъри ӯст. Ва муносиб дидани унвони «Сардафтарӣ»-ро ба устод Рӯдакӣ низ аввалин бор дар навиштаҳои устод Айнӣ дучор меоем.

Ҳамин тавр, устод Садриддин Айнӣ бо вуҷуди фаъолияти зиёди адабиву ҷамъиятӣ, то он замоне ки бо далелҳои қотеъ мавзеи қабри устод Рӯдакиро муайяну мушаххас нанамуд, аз ҷустуҷӯю ковишҳои илмӣ, хусусан дар бораи мазори ӯ лаҳзае фориғ нашудааст.

Ва ӯ пайдо намудани қабри Рӯдакиро яке аз корҳои хеле муҳим ва ҷиддӣ медонистааст, ки дар роҳ, дар кор ва ҳатто дар лаҳзаҳои машғулияти умури шахсию хонаводагии худ низ бо фикри пайдо кардани далелҳои қотеъ дар бораи мавзеи қабри Рӯдакӣ банд будааст. Ва ҳар бозёфту хабари тозаеро, ки дар бораи Устод Рӯдакӣ ба тариқи ҷустуҷӯ аз сарчашмаҳои муътамад ва пурсуҷӯ аз шахсиятҳои гуногун дармеёфта, ҳатман дар номаҳояш ба дӯстону ҳамкасбон ва ҳамқаламони қадрдонаш менавиштааст. Номаҳои устод Садриддин Айнӣ нишондиҳандаи фаъолияти густурдаи илмию адабии ӯ буда, дар бораи устод Рӯдакӣ низ маълумоти пайдокардаи ӯро сабт намудаанд. Аз номаҳои устод Айнӣ фаҳмидан мушкил нест, ки рӯдакипажӯҳӣ ҷузъе аз фаъолияти асоси доимӣ ва ҳатто рӯзмарраи ӯ будааст. Ин натиҷагирӣ аз мутолиаи осори ба Рӯдакӣ бахшидаи устод Айнӣ ва номаҳои ӯ ҳосил шудааст.

Масалан, дар номае, ки ба устод Лоҳутӣ навиштааст, аз натиҷаи тадқиқоти дар бораи зодгоҳи устод Рӯдакӣ анҷомдодааш бо шавқ ва ҳаяҷони ботинӣ менависад: «Дар поёни гап ҳаминро гуфтан даркор аст, ки то ҳол дар байни аҳли тазкира ва таърихчиёни Шарқ ва ҳам шарқшиносон дар бораи ватани Рӯдакӣ ихтилофе буд. Ӯро баъзеҳо аз Бухоро ва баъзеҳо аз Самарқанд мегуфтанд.

Ман аз рӯи тафтиши охиринам, аз рӯи як ривоят, ки ровиаш Астарободӣ буда, дар Самарқанд зиндагонӣ намуда, дар ҳамон ҷо баъд аз 60 соли вафоти Рӯдакӣ мурдааст ва қабри Рӯдакиро зиёрат намудааст, қарор дода будам, ки Рӯдакӣ дар Самарқанд аст. Чунки ин ровӣ аз қарияи Рӯдаки Самарқанд мегӯяд.

Аммо ман пайи тафтиши дар куҷои Самарқанд будани деҳаи Рӯдакӣ афтодам. Дар наздикӣ дар вақти ремонти ҳавлӣ ба кори ман як мардикори моғиёни фарбӣ (фарбеҳ) омад, ки аз райони Панҷакат аст. Ман аз вай номи деҳаҳои ба онҳо наздикро пурсидам. Маълум шуд, ки Рӯдак аз Панҷрӯд – Панҷрӯдак (ҳамаи инҳо ба Рӯдакӣ дахл доранд) дар кӯҳистони Панҷакат будааст. Ман ин маълумоти ҳавоиро ба котиби райкоми Панҷакат навишта, тафтишро хоҳиш кардам. Котиби райком шахсан ба хонаи ман омада, ин маълумотро тасдиқ кард.

Ҳоло бо ташаббуси ман як экспедитсияи тадқиқотӣ аз тарафи базаи тоҷикистонии Академияи илмҳо ва комиссариёти маорифи Тоҷикистон ба он ҷо фиристода шуд. Умедворам, ки ин экспедитсия маълумоти равшани расмие биёрад.

Дар ин сурат дар илм ва адабиёт як кашфиёти калон ба вуҷуд меояд».

Ин иқтибос аз номаи дар таърихи 26 сентябри соли 1940 ба унвони Лоҳутӣ навиштаи устод Айнӣ оварда шуд ва аён мешавад, ки худи устод ба кашфиёти калон будани натиҷаи ҷустуҷӯйҳояш итминон ва эътимоди комил доштааст. Ва ҳам ин нома баёнгари он аст, ки устод Айнӣ дар лаҳзаҳои гирифтории зиёд ва банд будан ба корҳои шахсию ҷамъиятӣ низ ҳамеша пайи ҳалли масъалаҳои муҳиму нокушудаи илм ва адаб масруф будааст. Аз ҷониби дигар, пайдо намудани мазори устод Рӯдакиро кори хеле муҳим медонистааст ва котиби райкоми шаҳри Панҷакатро низ бо навиштани номае ба ин кори таърихии хеле муҳим ҳидоят намудааст. Аммо асли ин номаро аз бойгонии устод Айнӣ пайдо накардем. Вале дар ҳар сурат ҷиддияти устод Айниро дар кори тадқиқу пажӯҳиши масъалаҳои боаҳамияти илмӣ аз чунин номаҳо ва навиштаҳои ӯ эҳсос намудан мумкин аст.

Устод Айнӣ дар номаи дигари худ, ки ба Абулқосим Лоҳутӣ ирсол намудааст, аз пайдо шудани мавзеи қабри устод Рӯдакӣ навид додааст. Дар ин нома хушнудӣ ва қаноатмандии муаллиф аз натиҷаи заҳмату ҷустуҷӯҳои давомдораш ифодаи равшани худро ёфтааст:

«Воқеаи наве, ки имсол дар таърихи адабиёти тоҷик рӯй дод, ёфт шудани деҳаи Рӯдак (ҷои таваллуди устод Рӯдакӣ) ва қабри Рӯдакӣ аст. Маълум аст, ки то ҳол дар байни аҳли таърих ва тазкираҳо ихтилоф буд, ки Рӯдакӣ аз Бухоро аст ё Самарқанд. Ман дар вақти навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» фикри аввалиро тарҷеҳ карда будам. Аммо имсол, ки дар бораи Рӯдакӣ мақола навиштам, ба асоси як манбаи арабӣ, ки ривояти худро аз Идрисӣ ном нақл мекунад, қарор додам, ки аз Самарқанд аст ва ин Идрисӣ Астарободӣ буда, умри худро дар Самарқанд гузаронидааст ва дар ин ҷо баъд аз шаст соли вафоти Рӯдакӣ мурдааст, ҳам таърихи Астаробод, ҳам таърихи Самарқандро навиштааст. Идрисӣ мегӯяд, ки Рӯдакӣ аз қарияи Рӯдак буда, дар навоҳии Самарқанд аст. Аммо намедонистам, ки ин Панҷрӯдак ва Рӯдак дар куҷои Самарқанд бошад. Профессор Семенов, ки имсол дар ин бора мақола навишт, дар мақолаи худ навиштааст, ки Рӯдак ва Панҷрӯд дар 15-километрии шаҳри Самарқанд аст. Аммо ман бо пурсуков аз атрофи Самарқанд ба ин номҳо деҳае наёфтам ва ба тариқи ҳазл ба Деҳотӣ гуфтам, ки охир Рӯдакӣ аз Панҷакат ёфт мешавад. Ин сухан зоҳиран ҳазл бошад ҳам, ба ақидаи худам ҷиддӣ буд ва бинобар ин ба ҳамин асос тадқиқот ба кор бурдам. Имсол дар моҳи июл, вақте ки ҳавлии худро ремонт мекардам, як мардикорро ба кор овардам. Аз вай Рӯдак ном деҳаро пурсидам. Ӯ тасдиқ намуд, ки дар Панҷакат ҳаст, аммо ӯ надидааст ва бобои ӯ, ки ҳанӯз зинда аст, дидааст. Ӯ аз деҳаи Фароби Панҷакат будааст. Панҷрӯд (Панҷрӯдак) ҳам дар ҳамон ҷоҳо аст. Инро ҳам шунидааст. Ман ин маъниро ба котиби якуми райкомпартияи Панҷакат – ба рафиқ Муҳаммадиев навишта, аз вай илтимос кардам, ки ин маълумотро пурсуков кунад. Ӯ баъд аз чанд рӯз шахсан пеши ман омада, маълум намуд, ки Рӯдак ва Панҷрӯд – ҳарду ҳам дар Панҷакат ҳастанд ва аз маркази район тахминан 60‒70 километр меоянд. Ман ин маълумотро ба Душанбе ба Союз навишта, илтимос кардам, ки як экспедитсияи расмӣ фиристонанд. Аз он ҷо аз Базаи Академия Бузургзода ва аз Наркомпрос Гратский ном як таърихшинос омаданд ва маро роҳбари экспедитсия қарор додаанд. Азбаски барои баромадан ба болои кӯҳи баланд дили ман тоб надошт, ман ҳамаи маълумот ва нишонаҳоро ба онҳо дода, фиристодам. Онҳо рафта, қабри Рӯдакиро ёфтанд. Ба қишлоқи Рӯдак Гратский нарафта, танҳо Бузургзода рафта омад ва ҳардуи инҳо ҳам ҳамаи маълумотеро, ки ман ёфта будам, тасдиқ намуданд. Аммо вақте ки Гратский бо мухбири радиои Москва мусоҳиба кардааст, ҳамаи ин кашфиётро ба худ нисбат додааст. Ба қавли узбакон: «тайёр ошга баковул» (ошпази оши тайёр) шудааст.

Ман имсол бо даъвати панҷакатиҳо дар 11 ноябр ба болои кори канали Марғидар рафтам, ки дар кӯҳистон дар шаст километр дуртар аз маркази район фарҳодвор сангро бурида, кофта истодаанд. Дар он ҷо ман бо панҷрӯдиён ва ҳам бо рӯдакиён мусоҳиба кардам. Рӯдакӣ дар байни онҳо ба унвони 400 шутурдор (чунонки дар тазкираҳо мегӯянд) ва ба унвони уфорӣ (уфарӣ), яъне сознавоз машҳур будааст. Ҳатто мегӯянд, ки азбас шутурдорӣ дар кӯҳистон душворӣ кардааст, Рӯдакӣ чанде ба Самарқанд ва Бухоро кӯчида рафта будааст ва дар охирҳои умраш боз омадааст.

Акнун ба ман маънии таъбири манбаи арабӣ маълум шуд, ки дар вай Рӯдак ва Панҷрӯд (Панҷрӯдак) аз навоҳии Самарқанд шумурда шудааст. Ноҳия бо маънои арабиаш ба канори дур кор фармуда мешавад. Дар ҳақиқат ҳам Панҷакат то размеҷиванӣ (ишора ба тақсими ҳудудҳои миллӣ дар Осиёи Миёна, соли 1925)‒ то соли 1925 яке аз районҳои (ноҳияҳои) Самарқанд ба шумор мерафт.

Ман дар сари кори канал бо бисёр колхозчиён мусоҳиба кардам. Номи қишлоқҳои онҳо диққати маро ҷалб кард: шумо аз куҷо? – Аз Ҳуснобод, шумо чӣ? ‒ Аз Нигинобод, шумо аз куҷо? – Аз Майкада, шумо чӣ? – Аз Зебон (зебоён) ва ҳоказо. Ҳақиқатан, районе, ки ба деҳаҳои худ ин гуна номҳои шоиронаро қабул кардааст, ҳақ дорад, ки монанди Рӯдакӣ як устоди номурдании шеъру мусиқаро расонад.

Дар вақти кори канал ягона як роҳи кӯҳӣ, ки ба Рӯдак мерафтааст, муваққатан баста шудааст, вагарна ман ба он ҷо ҳам мерафтам. Чунки Рӯдак аз сари канал 8 ё 10 километр будааст.

Ин кашфиёт хеле муҳим аст…

Бо саломи рафиқона: Айнӣ

24-уми ноябри 1940, Самарқанд»

 

Дар ҳаҷми як номаи рафиқона ин гуна бо эҳсосоту шавқи хосса аз бозёфти бузурги адабӣ будани натиҷаҳои ҷустуҷӯи худ сухан гуфтани устод Айнӣ воқеан аз ҳавсалаи тамом доштани эшон дар тадқиқи масоили рӯдакишиносӣ ва умуман тадқиқоти илмӣ шаҳодат медиҳад.

Аз устод С.Айнӣ номаҳои дигаре ҳам маҳфуз мондаанд, ки дар бораи симои зоҳирии падари шеъри тоҷикӣ – устод Рӯдакӣ баҳс менамояд. Ин андешаи ӯ дар номае, ки ба Мирсаид Миршакар иншо намудааст, чунин баён шудааст: «… Масалан, барои Рӯдакӣ қиёфаи як тоҷики киштутии мутаносибаъзоро гирифтан мумкин аст, ки чашмаш кӯр бошад (тоҷики киштутиро мисол гирифтан барои он аст, ки кӯҳистониҳо ба дигар миллатҳо омехта нашудаанд ва Киштут дар наздикии дараи Рӯдак аст). Агар ёфт шавад, аз музейҳо ё аз китобҳои кӯҳна барои мисоли либоси Рӯдакӣ либосҳои асри Х Осиёи Миёнаро гирифтан лозим аст. Агар ёфт нашавад, як тоқияи юрмагии кӯҳистонӣ, як саллаи хурд ба тарзи арабӣ печондашудаи шоли тибетии аъло, пероҳани сафеди гиребончоки тукмадор, ки тукмааш аз гиреҳҳои абрешимӣ бошад, як қабои танг (ҷомаи зерин) ки бо тукмаҳои гиреҳии абрешимӣ аз сар то миён банд шуда бошад. Аз рӯй як абои остинкӯтоҳи васеи якранги абрешимӣ. Дар по мӯзаи мирзоии кемухтии сурх ё кабуд (мӯзаи мирзоӣ пошнабаланд ва борик мешавад, ки монанди минқори лаклак ба дарун хамхӯрда меистад, нӯки пояш низ борик буда, ба боло хам хӯрда меистад).

Либоси Носири Хисрав нисбат ба Рӯдакӣ содатар ва нисбат ба либоси ӯ васеътар, аммо тукмаҳояш бояд гиреҳӣ бошад ва мӯзааш мирзоӣ, симо ва либоси Ҷомӣ як дараҷа осонтар аст, ки дар ин хусус Восифӣ як қадар маълумот медиҳад: Ҷомӣ одами гандумгун, баландқомат, сиёҳчашм, камриш бояд шавад. Дар тан аз таки ӯ як гупичаи пахтадор, миёнаш бо фӯтаи якранг (сурхча ё кабудча) баста шуда, ду нӯги фӯта ду ваҷаб аз сари ноф ба зер овезон, аз рӯйи як либоси сафед, на он қадар васеи яктаҳмонанд, дар по кафшу масҳӣ, дар сар тоқияш сафеде, ки даҳбедӣ меноманд, дар сар се печ саллаи сафеди сода, дар даст як асо, ки сараш аз сари худи Ҷомӣ баландтар меистад (асо аз чӯби ҷавбеди сода). Кушодарӯ ва доимо табассумкунон меистад, дар чеҳрааш на осори ғазаб ҳаст ва на осори андӯҳ (бояд чеҳраи Носири Хисрав қадре ғазаболуд ва чеҳраи Рӯдакӣ ҷиддӣ бошад)».

Устод Садриддин Айнӣ, чунонки маълум аст, дар асоси андешаи амиқ сари мавзуъ ва мазмуни ашъор ва мавқею вазифаи ишғолкардаи Рӯдакӣ ва Носири Хисрав дар бораи тарзи либоспӯшии онҳо ибрози назар намудааст.

«Рӯдакӣ, ба назари ман як одами баландқомати миёнагӯшти ришкалони рӯйпаҳн ҷилвагар мешуд, ки симояш бисёр мутаносиб, рангаш гандумгуни ба сурхӣ моил, чашмонаш кӯр, либосаш озода ва тоза, дар дасташ дунбураи бо устухони фил зинатдодашуда менамояд, агар ҳолати пирии Рӯдакӣ нишон дода шавад, бояд ӯ як пири зиндадили ҷавонтабиат тасвир шавад».

Аз мазмуни ин нома аён мешавад, ки устод Айнӣ мехостааст чеҳраи устод Рӯдакиро дар аксе ё нигорае рассомӣ намуда бошанд. Ва андешаҳои худро аз шинохти шахсият ва осори Одамушшуаро дар асоси шеърҳои боқимондааш баён дошта, мулоҳизаҳояшро дар бораи чеҳраи устод Рӯдакӣ тавассути мактуб баён намудааст.

Дар номаи дигаре устод Айнӣ дар бораи ҷашни устод Рӯдакӣ чунин масъалагузорӣ менамояд:

«Ҳоло бо ташаббуси ман як экспедитсияи тадқиқотӣ аз тарафи бозаи тоҷикистонии Акодемияи илмҳо ва Комисариёти маорифи Тоҷикистон ба он ҷо фиристода шуд. Умедворам, ки ин экспедитсия маълумоти равшани расмие биёрад. Дар он сурат дар олами илм ва адабиёт як кашфиёти калоне ба вуҷуд меояд. Бояд тоҷикон аз ҳамин рӯз сар карда, барои 1952, ки дар вафоти Рӯдакӣ ҳазор сол пур мешавад, тайёрӣ бинанд. Аммо намедонам, ки чӣ кор карда метавонанд».

Аз мазмуни ин нома фаҳмидан душвор нест, ки устод Айнӣ масъалаи ҳазорсолагии фавти устод Рӯдакиро дар иртибот бо кашфи мазори ӯ ба миён гузоштааст.

Дар ҳамон соли 1940 устод Садриддин Айнӣ дар номаи худ ба Деҳотӣ вобаста ба тартиб додани маҷмуаи ашъори Рӯдакӣ тарзи тартиб додани онро таъкид намуда буд.

«Баъд аз рафтани шумо шумораи севуми июнии «Тоҷикистони сурх»-ро хондам. Дар саҳифаи 4-и он ахбори мудири шуъбаи шарқии китобхонаи марказӣ – рафиқ Колесникуф ҳаст, дар он ҷо дар он ахбор дар бораи «Маҷмаъ-ул-фурс»-и Сурурӣ ном луғат гап зада мешавад ва гуфта шудааст, ки дар он луғат сад байт аз Рӯдакӣ ба тарзи мисол оварда шудааст.

Шумо як бор ҳамон луғатро аз назар гузаронед, агар шеърҳои аз Рӯдакӣ дар он ҷо овардашуда ғайр аз чизҳое бошанд, ки мо фоида бурдаем, ғундошта гиред ва дар маҷмуаи «Устод Рӯдакӣ» дароред. Агар дар маънии ягон шеър ё луғат душворӣ кашед, ба воситаи хат аз ман мепурсед».

Аён мешавад, ки устод Айнӣ дар бораи устод Рӯдакӣ мудом маълумот ҷамъоварӣ намуда ва ба Деҳотӣ низ таъкид намудааст, ки осори Рӯдакиро аз ҳар куҷо ҷамъоварӣ намояд ва дар шарҳу тафсири вожаҳои душворфаҳм омодагии хешро ба ёрмандӣ ва ҳамкорӣ пешниҳод намудааст.

Ва низ аз як номаи Бектош ба устод Айнӣ маълум мешавад, ки устод ба намояндагони барҷастаи илму адаби ҳамзамони хеш дастуру супориш додааст, ки барои ҷамъоварии ашъори парокандаи устод Рӯдакӣ аз ҷунгу дастнависҳо ва девону дафтари ашъори шуаро ва луғатнависони қадим саҳм гузоранд ва инчунин дар ҷустуҷӯи девони то кунун нопайдои Устод Рӯдакӣ бошанд. Ин мазмун аз номаи зерини Бектош ба дурустӣ равшан мегардад:

«…Ҳодисаи нав ҳамин аст, ки Абдуллоҷонака (падари Ғанӣ Абдулло) аз Бухоро як китоби оид ба нуҷуми Аҳмад махдуми Калларо рӯнавис карда оварданд (ин ғайр аз Зичи шоҳист, ки рӯнавискардаи ӯ буда, пеш аз ин ба даст афтода буд). Китоб мураттаб буда, дар соҳаи ҳайат ва нуҷум маълумот ва нуқтаи назари Аҳмад Махдумро пурра дар бар мекунад.

Аз Хуҷанд касе мактуб навишта, маълум кард, ки ба дасти ӯ девони Рӯдакӣ мавҷуд будааст ва дар қатори китобҳои дигар нархи ӯро 300 муайян карда фиристодааст. Фавран Абдуллоҷонака ба Хуҷанд камандирофка карда шуданд. Намедонам, ин хабар дуруст мебарояд ё не? Агар дар ҳақиқат девони Абулҳасани Рӯдакӣ барояд, як кашфи ҷаҳонист. Аммо ман метарсам, ки девони шоири дигар Муинуддини Рӯдакӣ набошад. Нусхаи девони Муинуддини Рӯдакӣ дар се-чаҳор ҷой маълум аст ва ҳатто дар Эрон ба чоп ҳам расидааст. Мегӯянд, дар Ленинград ҳам як нусха мавҷуд аст. Ҳамин қадар умедворӣ ҳаст, ки дар Осиёи Миёна, хусусан дар Хуҷанд, аз девони Муинуддини Рӯдакӣ дида, девони Абулҳасани Рӯдакӣ муҳаммилтар аст. Аломатҳои муайянкунандаро ба дасти Абдуллоҷонака навишта додем. Бо телегром огоҳ мекунад. Ба Мавлоно ва рафиқ Деҳотӣ салом.

Бо эҳтиром Бектош
7/VIII-36»

Имрӯз ба туфайли заҳматҳо ва ҷустуҷӯҳои хастагинопазири падари адабиёти муосири тоҷик- устод Садриддин Айнӣ зодгоҳ ва мазори падари шеъри тоҷикӣ маълум шудааст ва яке аз ҷойҳои муқаддаси дидании сайёҳону меҳмонон мебошад. Ва ҳамчунин миқдоре аз ашъори ноби ҳакимонаи устод Рӯдакӣ бо талошу ҷустуҷӯҳои бедареғи донишмандону матншиносони адабиёти тоҷикӣ дар дастрас дорем, ки оғозгари ин ҷустуҷӯ ва яке аз нахустин гирдоварандагони ашъори парокандаи Одамушшуаро низ устод Айнӣ мебошад.

Анзурати МАЛИКЗОД,
Гулбаҳор УСМОНОВА,
ходимони илмии Институти забон ва адабиёти Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ