Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон
Нашр шуд. Чор, 05/11/2014 - 14:46
Имрӯз дар Кохи Борбади пойтахт бахшида ба таҷлили 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.Ҷамъомади тантанавии бахшида ба таҷлили солгарди 20-ум аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар оғози суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро “ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат” номида, бо ифтихору сарфарозӣ кулли ҳамватанонро бо ин санаи фархунда самимона шодбош гуфт.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчунин “маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар” номида шуда, таъкид гардид, ки “ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, ба устуворсозии пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар он авзои бисёр вазнину ҳассос дар сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ таҳия намудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз ҷониби мардум пазируфта шудани онро “дастоварди бузурги миллӣ” номида, ба халқи Тоҷикистон ва ҳамаи аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишору зӯроварии гурӯҳҳои манфиатҷӯ, дар ин раванди таърихӣ иштирок доштанд, изҳори сипос кард.
Бинобар таъкиди Президенти кишвар, мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта мардуми Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда буд.
Бо ёдоварӣ аз таърихи пуршебуфарози солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва мушкилоти давлатсозии навини тоҷикон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “мо бояд танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва тартиботи ҳуқуқӣ зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем”.
Дар ҳамин робита Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз интихоботи навбатии вакилон ба парламент, мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки моҳи феврали соли 2015 баргузор хоҳанд шуд, ёдовар шуда, изҳор дошт: “мо ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошем, ки ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор гардад” ва афзуд “мо ҷонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роҳи алтернативӣ барпо гардад, то худи халқ тавонад, намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад”.
Аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони дар интихобот иштироккунанда даъват карда шуд, ки барои дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда барпо шудани ин маъракаи сиёсӣ талош намоянд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар фазои орому осуда ва бо фарҳанги волои ҳуқуқӣ баргузор шуда, боз як омили муҳимми таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва болоравии обрӯи Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мегардад.