Мулоқот бо Волии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сиэ Фучжан
Нашр шуд. Ҷум, 07/11/2014 - 08:06
Дар шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Волии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сиэ Фучжанро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти Чин баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ширкатҳои ин музофот бо Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ мондаанд, пеш аз ҳама дар соҳаи кишоварзӣ ва тасмим доранд, ки оянда барои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ корҳои назаррас анҷом диҳанд.
Пас аз мулоқот миёни Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби ширкатҳои ин музофот дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд хоҳад ёфт. Дар навбати аввал комбинати орд, корхонаи нуриҳои минералӣ ва заводҳои равғанкашӣ ва коркарди тухмии зироатҳои кишоварзӣ бунёд меёбанд. Минбаъд ҳамчунин сохтмони корхонаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, хӯроки омехтаи чорво ва бунёди хоҷагиҳои чорводорӣ дар назар аст.
Изҳори бовар карда шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар аст, мусоидати фаъол мекунад.