ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ беназир аст

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар мамлакат муайян  менамояд, ҳамасола 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, ки ҳадаф аз он эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки қаблан 22 июл ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мегардид, ки дар ин рӯз- 22 июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд. Баъдан 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар ин замина ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 21 июли соли 2010 тағйироти дахлдор ворид шуда, 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Забони давлатӣ рукни муҳимми давлатдорӣ ва муқаддасоти миллии ҳар давлату миллат маҳсуб мешавад. Мувофиқи қисми якуми моддаи 2 Конститутсияи мамлакат, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эътироф гардид. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад ва онро эҳтирому арҷгузорӣ намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳо ва суханронию паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва баҳри ҳифзу гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ дастуру машваратҳо дода, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 15 апрели соли 2009 доир ба Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 июли соли 1989), ки қабл аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қабул шуда буд ва таҳкими ҷойгоҳи забони давлатӣ ва густариши минбаъдаи он дар даврони соҳибистиқлолӣ чунин омадааст: «Бо дарназардошти он ки Қонуни забон пеш аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қабул шуда, имрӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест, мо бо иштироки олимони забоншинос ва ҳуқуқшиносон лоиҳаи наву мукаммали онро таҳия намуда истодаем, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Итминони комил дорам, ки ин санад ба таҳкими мақоми забони давлатӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои густариши минбаъдаи он заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ба вуҷуд меорад».

Ҳамин тавр, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) қабул гардид. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, дар он вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ муайян ва истифодаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ёфтааст.

Пас аз қабули қонун барои татбиқи самараноки он бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 дар назди Ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд. Кумита вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон дар доираи ваколаташ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон назорат мебарад ва маълумот талаб менамояд.

Қобили тазаккур аст, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ бағоят бузург мебошад. Зеро аз ҷониби ин фарзанди фарзонаи миллат ва маорифпарвар асари мондагору арзишманди «Забони миллат – ҳастии миллат» (иборат аз ду ҷилд) таълиф гардид, ки дар он оид ба марҳалаҳои таърихи густариш ва саҳифаҳои номакшуфи вазъи забони тоҷикӣ тадқиқоти мукаммали илмӣ анҷом дода шудааст. Муаллиф дар ин асар ба забони шевои шоиронаи тоҷикӣ баҳои баланд дода, дар сарсухани он бо ифтихору сарафрозӣ чунин менависанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош менамоям».

Дар замони муосир омӯзиш ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русӣ ва англисӣ зарур буда, ба боло рафтани донишу фаҳмиш ва ҷаҳонбинии шахс мусоидат менамоянд. Аммо чунин ҳолати кор набояд ба забони давлатӣ таъсири манфӣ расонад. Ҳар шахс бояд, қабл аз ҳама, забони давлатии худро бо тамоми  ҷузъиёташ донад ва ҳифз намояд. Ҳақ ба ҷониби шоир Тошхӯҷа Асирӣ аст, ки чунин навишта буд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.

Ҳоло тоҷикон берун аз мамлакат дар дигар давлатҳои ҷаҳон кору зиндагӣ дошта, хушбахтона, урфу одат ва фарҳанги миллиро дар маҷмуъ, ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Тавре маълум аст, дар муҳите, ки бо забони модарӣ кам муколамаву муошират карда шавад, албатта, ба соҳиби он забон таъсири манфӣ мерасонад. Биноан, сафирон ва дигар ҷамъияти тоҷикон дар ин ё он кишвари ҷаҳонро зарур аст, ки бо тоҷикони муқими он давлатҳо ҳамкориро бештар ба роҳ монда, дар байни онҳо ҳисси милливу ватандӯстӣ ва арҷгузориву дӯст доштани муқаддасоти миллӣ, бавижа забони тоҷикиро тарғибу ташвиқ намоянд.

Афзун бар ин, хуб мешуд, агар мақомоти дахлдор ва масъулин асарҳои илмиву бадеӣ, китобҳои дигарро, ки дар самтҳои гуногун таълиф ёфтаанд, инчунин китобҳои махсус барои кӯдаконро бо забони ширину шевои тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷойгир созанд, то тоҷикони бурунмарзӣ ва фарзандони онҳо дар дилхоҳ кишвари дунё озодона аз онҳо истифода бурда, ба ин васила забони модарии худро ҳифзу ҳимоя ва арҷгузорӣ намуда, аз забонгумкардагӣ эмин бошанд. Зеро равоншод Лоиқ Шералӣ барҳақ иброз доштааст:

Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ