Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Президенти Русия Владимир Путин дар оғози суҳбат Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти беҳтарини худро изҳор намуданд.
Сарони давлатҳо дар зимн оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду давлат дар доираи шарикии стратегӣ изҳори назар намуданд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати андешидани тадбирҳои минбаъда дар ростои пешбурди равобиту ҳамкории созандаи ду давлат таъкид намуданд.
Ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор доир шуд.