Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба вазъи сиёсии Ховари Миёна

Мураккаб гаштани вазъияти сиёсӣ дар Ховари Миёна, ки сабабгори талафоту осеб дидани сокинони осоишта ва вайрону валангор гаштани иншооти зиёди таъиноти гуногун гардид, боиси нигаронии амиқи ҷониби Тоҷикистон шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти баамаломадаро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани нооромӣ ва оғози муколама баҳри барқарории сулҳу осоиштагӣ даъват менамояд.