Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Пан, 17/04/2014 - 12:04
Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифа оид ба гузаронидани сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳбариро дар соҳаи телевизион, радио ва кино амалӣ мегардонад.
Кумита дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.