Имрӯз бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад
Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми давлати ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.