Қабули эътимоднома аз сафирони нави 10 давлати ҷаҳон
Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 10 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.
Зимни маросими расмӣ, ки дар Қасри Миллат баргузор гардид, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниязов, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо Ҳидайет Бишчевич, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчули, Сафири Австралия Пол Эндрю Майлер, Сафири Зеландияи Нав Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, Сафири Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Сафири Словения Примож Шелиго, Сафири Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Сафири Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт эътимоднома супурданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба мақоми олии сафирони давлатҳои худ табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуд, ки барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Тоҷикистон ва минтақаи мо саҳми намоёни худро мегузоранд.