Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф оварданд
Нашр шуд. Душ, 23/10/2023 - 06:29
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти бахшҳои маорифу саноат ва сайёҳиву кишоварзӣ ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия Пешвои муаззами миллатро сокинони касбу кори гуногун ва ҷавонони фаъол самимона ва бо ихлосу меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.