Парчам-ахтари миллат ва қудрати лашкар

Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.
 
Эмомалӣ Раҳмон
 
Бисту чоруми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон шашумин солгарди ҷашни яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Парчамро дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегирад.
Маврид ба ёдоварист, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори ҷашни 15-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар он Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон шудаанд, изҳор карда буд, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президент доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни дахлдорро ба Парламенти мамлакат пешниҳод намудааст. Боиси қаноатмандист, ки қонуни мазкур қабул гардид ва мутобиқи он мо акнун имкон пайдо кардем, ки минбаъд ҳар сол Рӯзи Парчами давлатиро, ки 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ таҷлил намоем.
Гуфтанист, ки парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. 
Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимии давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд.
Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни як табрикоти хеш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ изҳор дошт, ки Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.
Дар Парчами давлатии Тоҷикистон рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд. Аз ҷумла, ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамӣ ва абадият мебошад.
Аксарияти муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки дар давоми бештар аз чор ҳазор соли маълуми таърихи дирафшҳо, ки аввалини онҳо дар Бобулу Мисру Чин пайдо шудаанд, қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон бори нахуст дирафши давлатиеро ба вуҷуд оварданд, ки ба нишонаҳои имрӯза монанд буданд.
Яъне, бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо аз ҷумлаи асосгузорони дирафшҳои шоҳиву давлатӣ дар олам мебошанд, ки офаридаҳояшон то ба имрӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муътақид бар он аст, ки парафшонии парчам дар ҳар гўшае баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат аст. Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва бинои дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, парчами мо нурафшонӣ мекунад. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ роҳбалади Сарвари давлат буда, ба ифтихори дастоварду пирўзиҳои фарзандони миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ боло мешавад.
Ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд.
Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон (то соли 2013) дар ҷаҳон баландтарин буда, тўли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.
Мавриди зикр аст. ки парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо - тоҷикон муқаддас аст. Дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад.
Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад, зеро мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд.
 
"АМИТ" Ховар