Мулоқот бо Раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимӣ
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимиро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Рушди ҳамкорӣ бо Афғонистони ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеш аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати мо мебошад ва масъалаи комилан ба эътидол овардани вазъияти ин кишвар ва истиқрори сулҳу суботи он барои Тоҷикистон масъалаи калидӣ ва ниҳоят муҳим аст”.
Изҳори бовар карда шуд, ки Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар амри таҳкими суботи пойдору бардавом, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани тавозуни маъқул ва санҷидаи сиёсӣ ва миллию қавмӣ, комёб хоҳад буд.
Абдуррауфи Иброҳимӣ дар навбати худ ба нақши Тоҷикистон ва хусусан саҳми бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз манфиатҳои Афғонистон дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳам ба дӯстию ҳамсоягии наку ва муҳтавои ҳамкории ду кишвари ҳамфарҳанг баҳои баланд дода, аз номи роҳбарият ва мардуми Афғонистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Аз ҳамкории миёни сохторҳои марбути ду давлат дар соҳаи амният ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноат карда шуд. Дар ин замина ба анҷом расондани истирдоди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳабсхонаҳои ҳамдигар зарур дониста шуд.
Бо изҳори қаноат аз ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи 8-10 соли охир ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар 100 баробар афзудааст.
Гуфтугӯйи судманд доир ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва тарҳҳои дигари муштарак сурат гирифт.
Изҳори бовар карда шуд, ки парлумонҳои Тоҷикистону Афғонистон метавонанд дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамгироии сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳамчунин фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ ва маънавии мардумони ду кишвари дӯсту ҳамсоя саҳми намоён дошта бошанд.