КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА САОДАТУ СОЗАНДАГӢ. Он воқеан ҳам ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро бо аксарияти мутлақи раъйи мардум қабул гардидааст
Дар фазои сулҳу амнияти комил ва авҷи саодату шукуфоӣ мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 6 ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсия бо шукуҳу ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузории комил аз дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил менамоянд.
— Рӯзи Конститутсия тантанаи иқболу истиқлол ва сарфарозию бахту саодати мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин иди муқаддас дар радифи санаҳои фархундаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон басе азизу мукаррам аст. Зеро маҳз Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ, Забони давлатӣ, Парчам ва Конститутсия ҳамчун шаш рукни ҳастӣ ва шаҳсутунҳои кохи бунёди Тоҷикистони азизу навин ба мардуми мамлакат хатти саодату башоратро нишон доданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муқаддаси миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат намуда, бисту нуҳ сол инҷониб дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ саъю талош менамоянд.
Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳилаи нави сохтмони давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро оғоз бахшида, боиси рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат гардид. Дар ин солҳои пурбаракат мамлакати мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршараферо тай намуда, имрӯз давраи комилан нави рушду инкишофро мегузаронад.
Давлати соҳибистиқлоли мо – ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакатро бомаром амалӣ намуда, ҷиҳати расидан ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ бо қадамҳои устувор равона аст.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки бо таҳаввули ҳаёти ҷомеа муҳтавои арзишҳое, ки барои мардум фазои ҳамкории мусолиҳатомезро фароҳам месозанд, тадриҷан мукаммалу дигаргун мешаванд ва он дар навбати худ зарурати такомули фаъолияти гуногунҷанбаи аъзои ҷомеаро тақозо менамояд. Ин дигаргунию пешравиҳо ба Ватани азизамон аз бисёр ҷиҳат дар заминаи Конститутсияи мамлакат муяссар гардид, ки имсол 29-солагии қабули онро ҷашн мегирем.
Пас аз касби истиқлолият барои давлатҳои тозаистиқлол зарурати қабули қонуни асосие пеш омад, ки ифодагари ормонҳои давлати муосир, аз ҷумла, соҳибихтиёрии давлатдории миллӣ, модулҳои нави инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, падидаҳои нави ҳокимияти давлатӣ, инкишоф ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро доро бошад.
Дар иртибот ба ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши бениҳоят муҳим бозид.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад».
Таърихи навини Тоҷикистон аз эълони Истиқлолияти давлатӣ ибтидо мегирад. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи бисёрҳазорсолаи тоҷикон воқеаи хушу фараҳманд рух дод – давлатдории тоҷикон эҳё гардид. Вале таҳкими давлатдории миллӣ дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ зери хатар қарор гирифта, хавфи аз байн рафтани он ба миён омад.
Чунин шароити вазнини сиёсӣ талаб менамуд, ки бояд роҳи минбаъдаи рушду бақои Тоҷикистон ва хатари аз байн рафтани давлати навини тоҷикон баррасӣ ва ҳал гардад. Бо баргузории Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин масъала тадриҷан роҳҳои ҳалли худро ёфт.
Вале муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин дастоварди ин иҷлосия ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як вақт ба ин шахсияти бузург ваколати Роҳбари давлат дода шуд.
Аз ин рӯ иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия рамзи давлатдории навини тоҷикон – Парчами миллӣ қабул шуд.
Замони нав, шароити нави таърихӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ қонунгузории ҷавобгӯйи вақт талаб менамуд. Бо ҳамин мақсад дар иҷлосия комиссияи махсус оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис дода шуд. Дар муддати кори комиссия аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон-Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948), Шартномаи байналмилалии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон (1966), Конвенсияи Париж, ҳуҷҷатҳои Шурои машваратии Хелсинки, тамоми санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуданд. Дар раванди омода намудани ин санади ҳуқуқии тақдирсоз махсусияти таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва миллӣ ба эътибор гирифта шуданд.
Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсия ба забони давлатӣ омода шуда буд. Бори аввал буд, ки ғояи ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод.
Қабули он дар таърихи навини мамлакат рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид.
Бо иродаи мардуми Тоҷикистон қабул шудани ин ҳуҷҷати муҳим дарҷи суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва гуманизми халқи тоҷик дар он хусусияти миллии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз мебошад.
Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ҳаёти арзанда ва рушди озоди инсонро таъмин менамояд. Тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи давлатдории тоҷикон бори аввал дар Конститутсия халқ ҳамчун василаи истиқлолият ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро инчунин ба воситаи намояндагони худ амалӣ мегардонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он бевосита амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба меъёрҳои Конститутсия мухолиф мебошанд, қувваи ҳуқуқӣ надоранд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон ба муносибати шахс ба давлат диққати махсус дода шудааст. Он ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода, масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд баланд бардошта, ҳаёт, шараф ва номусу дигар ҳуқуқҳои табиии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқ мустаҳкам сохта, онҳоро ҳифз менамояд.
Таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолият дар Конститутсия вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи мамлакат, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф шуд.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз на танҳо ба таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт, балки омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа ва рушду инкишофи бемайлони Тоҷикистон гардид. Ба ибораи дигар, Конститутсия ҳуҷҷати воқеан сарнавиштсоз ва саодату созандагие аст, ки тақдири миллат ва давлатро муайян намуда, роҳ ба сӯйи ояндаи онҳоро мунаввар месозад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатамонро таъмин намуда, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем.
Ин санади муқаддас, яъне Конститутсия воқеан ҳам ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он бо пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона иштирок ва онро бо аксарияти мутлақи раъйи худ қабул намуд”.
Бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.
Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан давраи пойдории ҳаёти конститутсионӣ, ҷустуҷӯ ва интихоби роҳи нави инкишоф буд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи тараққиёт пеш рафта наметавонад. Ин аст, ки раванди нави таърих ба дӯши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басе мураккабу масъулиятнок гузошт.
Дар ҳалли ин вазифа Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз буда, аз марҳалаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян гардидаанд.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ном бурда шудааст.
Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон дошт, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятро эътироф менамояд ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои асосии давлатҳои пешрафта қарор медиҳад.
Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон кафолат дода шуд. Дар баробари ин вобаста ба давраҳои муайяни рушди ҷамъият Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо менамоянд.
Бо назардошти пешрафти рӯзафзун ва талаботи дигаргуниҳои айём, инчунин таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, фардои мунаввари Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи сокинони он ба Контитутсияи мамлакат се маротиба- солҳои 1999, 2003 ва 2016 тариқи райпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид шуданд. Ин тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, «сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои ин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳам тавсеа бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории мамлакат ва ба санадҳои аз ҷониби умум пазируфташуда мутобиқ гардонидани меъёрҳои конститусионӣ мусоидат намуданд».
Такмили дар боло гуфташуда ва тағйиру иловаҳои қаблӣ (солҳои 1999, 2003) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои давраҳои муайяни пешрафти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа мебошад.
Аз он ҷумла, дар натиҷаи ислоҳоти сохтори иқтисодиёт ва гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодиёти бозорӣ, шаклҳои гуногуни моликият, амали озоди субъектҳои хоҷагидорӣ имрӯзҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд.
Комёбиҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногун сабаби афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ гардид. Ҳамаи ин аз натиҷаи фаъолияти озоди иқтисодӣ, ривоҷи соҳибкорӣ, ҳимояи ҳамаи намудҳои моликият, бахусус моликияти шахсӣ, ки онро Конститутсияи Тоҷикистони озод кафолат медиҳад, бармеояд.
Дар робита ба ин, ба ёд овардани суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид аст, ки тазаккур додаанд: «Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири мамлакат буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад».
Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур намуда наметавонанд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол руҳу фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро тағйир дода, арзишҳои умумибашариро бо назардошти хусусияти миллии мамлакат ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи байни давлат ва шахс муқаррар гардиданд.
Қонуни асосӣ ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми неруҳои сиёсӣ — ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард.
Дар Тоҷикистон ягон мафкура, аз ҷумла мафкураи ҳизбӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат, гурӯҳ ё шахсе ба ҳайси мафкураи давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф намешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки давлат дорои мақсаду ормонҳои олӣ набошад. Давлат масъули таъмини амнияти ҷомеа ва фард буда, арзишҳои умумибашариро дар худ таҷассум менамояд, ки ин арзишҳо ба меъёрҳои конститутсионӣ табдил ёфтаанд. Тибқи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ҳоло дар мамлакати мо ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Дар ин самти ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ рух доданд. Агар соли 1991 дар мамлакатамон дар маҷмуъ 60 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло 7 ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2200 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият менамояд, ки ин баёнгари дар амал татбиқ шудани усули гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Тибқи Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб менамоянд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун намудани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Амалҳои дорои хусусияти зиддиконститутсиониву зиддидемократӣ оромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор ва ба амнияту озодии инсон таҳдид менамоянд. Бинобар ин, таъсиси чунин созмонҳо ва амалҳои экстремистӣ дар тамоми давлатҳои демократӣ ва ҷаҳони мутамаддин манъ шудааст.
Тамомияти арзии мамлакат, муттаҳидӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат дода, Конститутсия терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқу аслиҳаро қатъиян манъ ва маҳкум менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро дар Конститутсияи худ ҷой дод. Асоси ин принсипро ба се рукн — ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шудани ҳокимият ташкил медиҳад. Ҳар рукни ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои ба зиммадоштаашро мустақилона иҷро менамояд.
Мувофиқ ба рукнҳои ҳокимияти давлатӣ қонунҳои зарурӣ қабул шудаанд ва онҳо пурра имкон медиҳанд, ки ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти он тибқи ин принсип фаъолият намоянд. Ҷавҳари ин принсипро танҳо тавассути Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда ҳал намудани тамоми масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ташкил медиҳад.
Воқеан, бо шарофати қабули Конститутсия ва татбиқи меъёрҳои он мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи бунёди давлати нави миллии худро комилан дуруст интихоб ва таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои барҷаста ноил шуданд. Дар партави Конститутсияи мамлакат, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ дар масири пуршарафи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор мебардорад. Тамоми комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, натиҷаи татбиқи самарабахши Конститутсияи Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла, таъмини сулҳу оромӣ, амнияти комил, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат – таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ дар мисоли неругоҳҳои «Сангтӯда 1», «Сангтӯда 2», «Роғун», «Себзор», нақбу пулҳо, авҷи рушди сохтмони иншоот, бахусус бунёди ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ, навсозии инфрасохтори шаҳрҳо, рушди шукуфони пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат, пешрафти соҳаҳои сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи фарҳангу маданияти оламгири тоҷик, алалхусус дар заминаи он ҷаҳонишавии ҷашни фархундаи Наврӯз ва эҳёи дигар ҷашну маросими миллӣ, аз қабили Садаву Тиргону Меҳргон, пайгирона, мақсаднок ва самарабахш амалӣ намудани сиёсати давлатии забон, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва мусоидат ба омӯхтани забонҳои муоширати байналмилалии русӣ ва англисӣ, шароиту имконияти мусоид барои татбиқи аслҳои озодии виҷдон, танзими анъана ва ҷашну маросим, сиёсати дуруст ва самараовари хориҷӣ, ки манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя намуда, ба таҳкими нуфузу эътибори баланди байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд, эътирофи ташаббусҳои оламшумул дар самти ҳалли оқилонаи мушкилоту муаммоҳои глобалии обу иқлим – «Соли байналхалқии оби тоза», «Соли байналмилалии дипломатия ва ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Даҳсолаи байналмилалии амал», «Об барои ҳаёт», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муқаддимаи нусрату пирӯзиҳое мебошанд, ки таҷассуми татбиқи Конститутсия дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
Конститутсия ҳуҷҷате аст, ки сарнавишти ҳар халқу миллатро муайян месозад. Қонуни асосӣ шоҳсутун ва шиносномаи давлату миллат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи роҳи пешрафту нумуи давлат аст. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид, тавассути он ормонҳои олии мардум амалӣ мешаванд.
Бо гузашти қариб се даҳсола аз қабули Конститутсия ва дастовардҳои шоистаи давлатдории навини тоҷикон собит мегардад, ки ин шоҳкитоби бахту саодат раҳнамои пешрафту шукуфоӣ барои миллату давлати Тоҷикистон мебошад. Афзун бар ин, корнома, шахсият ва фазилатҳои сиёсию маънавии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тафсири равшан ва оинаи татбиқи Конститутсияи мамлакат аст.
Махсусан дастоварди беназиру нотакрори сулҳофаринии Пешвои муаззами миллат дар таърихи инсоният то кунун такрор нашудааст. Пешвои саодатгустари халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон ба сифати Роҳбари давлат дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат намуда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони баруманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона намуда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Роҳбари давлати мо ин қавлу қасами худро дар амал собит ва рушду шукуфоии Тоҷикистонро бо қабули Конститутсия ва татбиқи меъёрҳои он таъмин намуданд. Бинобар ин, бо ҳидояту роҳнамоӣ ва дастури созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем».
Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат – аз хурд то бузург мебошад.
Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯйи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.
Хусусан дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд дар пешрафти ҳар ҷомеае монеа гарданд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии мамлакат аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки пешоҳанги татбиқи аслҳои Конститутсия ва пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон бошем. Саодати мо дар ҳамин амали ватандӯстона ифода меёбад.
Нурулло ОҚИЛЗОДА,
мушовири калони бахши Ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо
ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ