БА ИСТИФОДА ДОДАНИ СТУДИЯИ САБТИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

Дар арафаи 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид, дар бинои Маркази техникии телевизион ва радиои
ҷумҳуриявӣ студияи сабти барномаҳои телевизионӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Лозим ба зикр аст, ки давоми соли 2023 дар идомаи корҳои таҷдиду азнавтаҷҳизонӣ ва дастрасии таҷҳизоти техникии телевизионию-радиоӣ студияи телевизионӣ №2 бо таҷҳизоти муосири техникӣ аз қабили 2-адад камераи студиявӣ тамғаи SONY HDC 3170  дар маҷмуъ, 2-адад пулт, сервер, компютер ва телевизиор инчунин дигар қисмҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Намои дохилаи студияи мазкур бо дизайни наву замонавӣ навсозӣ гардида, барои  сабт ва баргузории дилхоҳ барномаҳои телевизионӣ чорабиниҳои сиёсию-фарҳангӣ, шоу барномаҳо ва пахшҳои мустақим омода мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки азнавсозӣ ва ифтитоҳи студияи мазкур дар татбиқи амалии «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» буда, ҷиҳати пешбурди кори соҳа амал менамояд.

Лозим ба зикр аст, ки азнавсозӣ ва банду басти таҷҳизоти номбурда аз тарафи мутахассисони Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар рафти боздид аз тарафи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид ба кори мутахассисони Маркази техникӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар намудани кори соҳа дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.