Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор шуд

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалии «Илм ва таҳсилот: тамоюлҳои рушд дар ҷомеаи иттилоотӣ» бо иштироки меҳмонон аз дохил ва хориҷи мамлакат, ҳайати устодони собиқадор, омӯзгорону донишҷўён ва муҳаққиқин баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ хабар медиҳад.

Қабл аз баргузории ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон бо намоиши дастовардҳои илмию таълимӣ ва эҷодии устодону кормандони донишгоҳ шинос шуданд.

Дар оғози ҳамоиш тариқи телевизиони саҳнавӣ филми таърихие, ки фарогири дастовардҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолии донишгоҳ, саҳми Пешвои миллат дар рушди донишгоҳ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин хотироти неки роҳбарияти донишгоҳ, устодони соҳибмактаб ва хотираҳои неки ҳамкорони хориҷӣ буд, намоиш дода шуд.

Ректори Донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давоми фаъолияти пурсамар баҳри рушди ҳаёти сиёсӣ, илмию адабӣ, фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат нақши бориз гузоштааст. Дар ин росто месазад иқтибосе аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овард, ки чунин таъкид намудаанд: «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги мамлакати соҳибистиқлоли мо нақши хосса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд».

Воқеан, ин сухани пурҳикмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он мебошанд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як давраи муайяни таърихӣ, яъне давоми фаъолияти пурарзиш тавонист худро на танҳо ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии пешбар нишон диҳад, балки ба бузургтарин боргоҳи илму маърифати омодасозии мутахассисони баландихтисоси иқтисодиёти мамлакат ва маркази бонуфузи илмӣ-таҳқиқотӣ табдил ёбад.

Баъдан роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатию илмӣ- таълимӣ, аз ҷумла Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм,  Кумитаи телевизион ва радио, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони донишгоҳҳои Беларус, Тула ва сафирони Беларус ва Ҳиндустон дар Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Конференсия дар се бахш: «Ҳолати кунунӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ», «Ҷанбаҳои рушди илмҳои иқтисодӣ: назария, методология, амалия» ва «Масоили мубрами илмҳои гуманитарӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ» баргузор шуд.