Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ оғоз бахшиданд
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва маҳсулоти оҳану бетонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаровон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷсохтмон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навтаъсиси соҳаи саноат дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо навтарин хатти технологӣ бунёд гардида, иқтидори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаровон» дар як шабонарӯз истеҳсоли 250 метри мукааб бетон ва 260 метри мураббаъ плитаҳои оҳану бетонӣ ва корхонаи «Тоҷсохтмон» имкони дар як шабонарӯз истеҳсол намудани 250 метри мукааб бетонро доро мебошад, ки бо ин дар маҷмуъ 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ ва маҳсулоти тайёри корхонаҳо иқдоми соҳибкорони ватаниро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ, коркарду тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини сокинон бо ҷойҳои кори мувофиқ муҳим арзёбӣ дошта, масъулонро барои истеҳсоли маҳсулоти босифати ҷавобгӯи талаботи бозор вазифадор намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи «Фаровон» моҳи феврали соли 2023 бо ҷалби 25 сокини маҳаллӣ оғоз гардиданд. Он дар муҳлати 9 моҳ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо сифати баланд сохта шуда, қадами устуворе аст дар роҳи расидан ҳадафи чоруми статегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат.
Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар марҳилаи аввал дар баробари истеҳсоли бетон, ҳамзамон 3 намуди маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла плитаҳои оҳану бетонӣ, сутунпояҳо ва ҳалқаҳо барои чоҳҳои амудӣ бо андозаҳои гуногунро ба роҳ мондааст ва дар оянда бо ворид ва насби хатти нави технологӣ истеҳсоли дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ бо фарогирии ҷойҳои нави корӣ ташкил мешавад.
Тибқи маълумот, то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 3 корхонаи саноатӣ дар ин самт фаъолият менамуд. Бо бунёду мавриди истифода қарор додани ду корхонаи нав шумораи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ ба 5 адад баробар гардид, ки нишондиҳандаи назарраси истеҳсолӣ дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.