ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Андешаҳо дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Федератсияи Русия
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро муносибатҳои мутақобилан судманди таърихию фарҳангӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар давраҳои дарози таърихӣ бо ҳам мепайванданд ва ин муносибатҳо марҳила ба марҳила сифати нав касб намуда, ба манфиати ду миллати бо ҳам дӯсту бародар рушду нумуъ меёбанд.
Федератсияи Русия ҳамчун шарикии асосии стратегии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди иқтисоди миллии мамлакати мо нақши калидӣ дошта, танҳо соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 24 фоиз афзудааст. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи воқеан шарики асосии стратегии давлати мо будани Федератсияи Русия мебошанд.
Дар доираи сафари расмии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд.
Зимни музокирот сарони ду давлат дар доираи мулоқоти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум, ки хоси муносибатҳои байнидавлатии ду давлат мебошад, маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории дутарафаро муҳокима намуданд.
Дар доираи мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки ин сафарро қадами муҳим дар роҳи тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду давлат мешуморанд ва ба он ишора намуданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Русия имрӯз дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои тарафайн дорои ҷараёни устувор мебошад.
Таъкид гардид, ки соли равон барои ҳар ду давлат соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. 30 сол қабл Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расида буд. Ба сатҳи расидаи ҳамкорӣ баҳои баланд дода шуд.
Дар доираи сафари расмии навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Русия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтани онҳо инҳо мебошанд:
— Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;
— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;
— Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;
— Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;
— Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкории илмӣ ва илмию техникӣ.
Иловатан дар доираи сафарии расмии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия ҷонибҳо ба масъалаҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати ҳалли мусолиҳатомези ҳама гуна бархӯрдҳо иброз доштанд.
Мояи ифтихори хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистони азиз аст, ки аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонида шуданд. Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.
Хулоса, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ба манфиати ҳарду давлат иброз намуда, сафари расмии навбатиро дар сатҳи олӣ баҳогузорӣ намуданд.
Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА,
муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев,
доктори илмҳои иқтисодӣ