Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Саид Нуриддин Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид.
Дар оғози мулоқот Саид Нуриддин Саид доир ба фаъолияти Кумита дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат маълумот дод. Зикр шуд, ки рушди соҳаи телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ, асосан баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рост меояд. Қайд гардид, ки дар ин давра бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таъсис ёфтанд, ки фазои иттилоотии мамлакатро бо маводи мубраму саривақтӣ таъмин менамоянд.
Раиси Кумита аз тасвиби Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки 19 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ин санад дар вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ нақши муҳим гузошт.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар аз мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, иҷтимоию фарҳангӣ миёни халқҳои дӯсту бародар бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки кишвараш аз тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар кулли бахшҳо, бахусус дар соҳаи телевизион ва радио манфиатдор аст.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои сохторҳои марбута дар соҳаи телевизион ва радио, аз ҷумла табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос, касбомӯзии кормандон, таҳияи филмҳои мустанад, баргузории якҷояи чорабиниҳои соҳавӣ ва ҳамкориҳои техникӣ низ табодули афкор намуданд.
Котиби матбуот
Иброҳим Аҳмад