Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ПАЁМИ ПАНДОМӮЗ
Аъзои маҳфили адабии “Хирадмандон”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати нахустин омўзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023)-ро оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди омўзиш қарор доданд. Дар маҳфил намояндагони шабакаҳои “Телевизиони Тоҷикистон”, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Сафина”, “Илм ва табиат”, “Ҷаҳоннамо”, Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳоти ахбори оммаи Тоҷикистон”, шабакаҳои “Садои Душанбе”, “Фарҳанг”-и Радиои Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Телерадиоком”, Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявї ва толибилмони синфҳои болоии МТМУ-и №100-и пойтахт фаъол ширкат варзиданд.
Нахуст роҳбари маҳфил, нависанда Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод вобаста ба фаъолият, бурду бохташон тайи соли 2023 гузориш дод. Ҳамзамон, истиқболи гармашонро аз Паёми пандомўзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалї Раҳмон изҳор дошта, афзуд, ки вобаста ба ҳаводиси хатарзои ҷаҳони пурмоҷаро татбиқашро сармашқи фаъолияти ҳамарўза гардонем. Мин ҷумла, дар Паём омадааст: “... дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрўза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодї, суботи сиёсї ва амнияти ҷомеаи башарї беш аз ҳарвақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллї, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.”
Сипас, Некбахт Саидзода, аз Идораи барномаҳои “Субҳ”-и “Телевизони Тоҷикистон” перомуни паҳлуҳои вежаи Паём мухтасар маъруза намуда, ҳозирон атрофи он мубодилаи афкори судманд оростанд.
Дар фарҷом Нақшаи кори маҳфили адабии “Хирадмандон”-и Кумита барои нимсолаи аввали соли 2024 ба аъзо ироа гардид.