Имрӯз ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз, 19 январи соли 2024 таҳти Раёсати Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шурои амният Президенти мамлакат вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ҳаматарафа баррасӣ гардид.

Дар ин замина ба талабот ҷавобгӯ набудани сатҳи иҷрои қонунгузории замин, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва қочоқи он, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳои барои ҷомеа хавфнок иброз гардид.

Президенти мамлакат аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ мисолҳои мушаххас оварданд.

Изҳор гардид, ки роҳбарони мақомоти мазкури вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.

Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи Шурои амният мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ва риоя нагардидани талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ Президенти мамлакат ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд:

— Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз вазифа озод карда шаванд.

— Прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо аз вазифаашон озод карда шаванд.

— Сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз вазифа озод карда шаванд.

— Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ бо супориши Президенти мамлакат аз мақомот озод карда шаванд.

— Сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз вазифа озод карда шаванд.

Инчунин ба Вазири мудофиа ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода шуд, ки командирони қисмҳои низомие, ки ба камбудиву қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, аз вазифа озод карда, ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна ҳаракатҳои ғайриоинномавӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, аз натиҷааш ба таври хаттӣ дар муддати 10 рӯз ҳисобот диҳанд.

Президенти мамлакат ба масъалаи аттестатсия — санҷиши хизматии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, супориш доданд, ки воҳидҳои кории ин мақомот 30 фоиз ихтисор карда шавад.

Ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ супориш дода шуд, ки дар муддати даҳ рӯз масъалаи ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро аз ҳисоби кормандони болаёқат, кордон, соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос таъмин намоянд.

Оид ба ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласаи Шурои амният муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.