Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрўз дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони масъули Дастгоҳи марказии кумита ва намояндагони Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» вохўрӣ баргузор гардид.
Иштирокдорон доир ба масъалаи "Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" суҳбат намуданд.
Дар идомаи вохўрӣ моҳият ва мазмуни қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” шарҳ дода шуд.
Зикр гардид, ки моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани ин омилҳо ва дар маҷмуъ низоми пешгирии коррупсия дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим менамояд.
Ҷойи таъкид аст, ки экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - фаъолият оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ваколатдор амалӣ гашта, аз натиҷаи он ҷиҳати баррасии ҳатмӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ (минбаъд- субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда) хулоса дода мешавад.
Арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - фаъолияти мақоми давлатии таҳиякунандаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ мақомоти маҳаллии қокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот) оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Дар охири вохўрӣ вобаста ба паҳлуҳои гуногуни масъала байни иштирокдорон музокира сурат гирифт.
Котиби матбуотии кумита
Зафар Қаюмзода