Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оғоз ёфт
Нашр шуд. Сеш, 23/12/2014 - 15:59
Дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба кори худ шуруъ намуд. Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, зеро раисӣ дар ин созмон аз имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Тибқи оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳар як кишвари аъзо бо навбат ба муддати як сол раёсат дар ин созмонро ба уҳда мегирад. Ҳамин тариқ, то охири соли 2015 дар ҳамаи мақомоти ин созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ хоҳад кард.