Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ,
1 сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 муовини сардор, 1 сармутахассиси раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис, 2 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ, 1 сармухассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН эълон менамояд.
Талабот ба довталабон: Таҳсилоти олӣ: рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.
Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам аз 2 то 6 сол.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- -ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- -тарҷумаи ҳол;
- -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- -маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
- -нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- -эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
- -нусхаи шиноснома;
- -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- -маълумотнома (справка- объективка)
- -маълумотномаи доғи судӣ.
Музди миёнаи меҳнат аз 1228 (ҳазору дусаду бисту ҳашт,) сомонӣ то 3300 (се ҳазору сесад) сомонӣ.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио),
телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79.
Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj дастрас намоед.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.