60 ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ҳунармандон метавонанд соҳиби ин грантҳо шаванд
Имсол 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ таъсис ёфтааст. Грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шуда, фаъолияти муназзами минбаъдаи худро таъмин карда тавонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 18 феврали соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тавсиб расид. Тибқи қарори мазкур, аз соли 2024 то соли 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуд, аз ҷумла: дар соли 2024 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ, дар соли 2025 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2026 — 20 грант ба андозаи 500 000 ҳазор сомонӣ.
Барои иҷро ва амалисозии қарори мазкур дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ таъсис дода мешавад. Комиссия аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар таъсис меёбад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Комиссия дар фаъолияти худ метавонад коршиносони мустақилро ҷалб намояд.
Байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ҳунарманд, ки лоиҳааш дар озмун ғолиб омадааст, шартномаи дуҷониба оид ба амалигардонии лоиҳаи грантӣ ба имзо расонида мешавад. Дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.
Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳаи грантӣ шаш моҳ буда, дар сурати аз худ накардани маблағҳои ҷудогардида фаъолияти лоиҳа доир ба амалишавӣ боздошта мешавад. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида иҷро нагаштани лоиҳа Вазорат метавонад дар асоси муроҷиати хаттии ҳунарманд муҳлати амалигардонии онро то 6 (шаш) моҳ тамдид намояд.
Бо мақсади назорати амалигардонии самараноки лоиҳаҳои грантӣ аз ҷониби Вазорат мониторинги фосилавӣ ва ҷамъбастӣ гузаронда мешавад. Аудити молиявии хароҷоти мақсадноки ҳар як гранти ҷудошуда аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Дар ҳолати ошкор гардидани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои грантӣ ва ё амалӣ нагардидани лоиҳаи грантӣ, маблағ пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида шуда, ҳунарманд минбаъд аз ҳуқуқи иштирок дар озмун маҳрум карда мешавад. Грантгирандагон дар муҳлати на дертар аз як моҳ пас аз татбиқи пурраи лоиҳаи грантӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Тоҷикистон 8041 нафар ҳунарманд фаъолият кардааст, ки ин нисбат ба соли 2022 — 1814 нафар, яъне 29, 1% зиёд мебошад. Онҳо аз рӯйи 12 соҳа ва 167 касбу ҳунар маҳсулот истеҳсол намудаанд. Аз шумораи умумии ҳунармандон 3216 нафари онҳо ба косибӣ (истеҳсоли дастии хонагӣ) машғул ҳастанд.
Ҷиҳати рушди ҳунарҳои миллию муосир, эҳёи онҳо, инчунин ба ин васила ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар соли 2023 тадбирҳои муассир андешида шуда, соли 2023 дар 45 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии тобеи вазорат дар маҷмуъ, 13644 нафар аз рӯйи 48 касбу ихтисос ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Шумораи ҳунармандону косибон дар миқёси шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо чунин аст: дар ВМКБ 556 нафар, вилояти Хатлон 3330 нафар, вилояти Суғд 2647 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1393 нафар ва шаҳри Душанбе 115 нафар.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар шумораи зиёди ҳунармандон ба вилоятҳои Хатлон (41,4 фоиз) ва Суғд (32,9 фоиз) рост меоянд.
Ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон дар соли 2022 ба ҳисоби миёна 65,4 млн сомонӣ ва дар соли 2023 79,6 млн. сомониро ташкил дод. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ ҳунармандӣ рушд ёфта, ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондааст, аҳамият медиҳанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз