БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар мамлакат волоияти қонунро таъмин намоем. Ин матлаб иқтибос аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 9 марти соли равон аст, ки мақолаи мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фирӯз Сайнозимзода бо овардани он оғоз гардидааст. Номбурда дар идомаи матлаб чунин изҳори назар кардааст:
— Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои минтақа таҳдидҳои афзояндаи ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои хатарноки замони муосир – терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои дигарро ба амнияти давлат ва рушди устувораш эҳсос намуда, дар ин замина баҳри пурзӯр намудани муқовимат ба ҷинояткорӣ қонунгузории мамлакатро такмил медиҳад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон якчанд санадҳои қонунгузорӣ қабул намуд, ки ба бартараф кардани сабабу омилҳои мухталифи ба терроризм ва экстремизм мусоидаткунанда ва пурзӯр намудани муқовимат ба онҳо нигаронида шудаанд. Чунончи, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва ғайра қабул шудаанд. Дар баробари ин, дар мамлакат ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти пурзӯр намудани муқовимат ба терроризм ва экстремизм бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Аз ҷумла, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм», «Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ва амсоли инҳо.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» мафҳуми «экстремизм» ба таври зерин маънидод гардидааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона шудааст».
Дар ин қонун нахустин маротиба мафҳуми ҳуқуқвайронкунии маъмурии дорои хусусияти экстремистӣ муқаррар гардид, ки тибқи он кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) содир шуда, барои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, ҳуқуқвайронкунии маъмурии дорои хусусияти экстремистӣ эътироф мегардад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» мафҳуми «терроризм» ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад».
Дар ин қонун ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179 (терроризм), 1791 (ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо), 1792 (маблағгузории ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ), 1793 (даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ), 181 (ғасби гаравгон), 182 (ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа), 184 (ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби ҳавопаймо, киштӣ ё қатори роҳи оҳан), 1841 (ғасб, вайрон кардан, содир намудани амалҳои зӯроварӣ дар платформаи статсионарии воқеи шелфи континенталӣ), 1842 (қирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ), 1843 (ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии фурудгоҳҳое, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонанд), 1844 (интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар нақлиёт) 185 (ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ), 193 (муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ), 194 (тасарруфи маводи радиоактивӣ), 1941 (истифодаи ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ), 1942 (ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ) 1943 (ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи афканандаи радиатсия), 1944 (ҳамлу нақли ғайриқонунии моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард), 1945 (ғайриқонунӣ истифода бурдан ва ё партофтани моддаҳои тарканда, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, моддаҳои хатарнок ва зараррасон аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ), 310 (таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 402 (ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ эътироф гардидаанд.
Ҳамчунин дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ як силсила санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2015, Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 ва ғайра тасвиб шудаанд.
Мақсади асосии Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 аз паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад. Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир — терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо назардошти тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд.
Ҳамин тариқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки ҳадаф аз онҳо пурзӯр намудани мубориза ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.