Наврӯз-ҷашни хуррамию шодӣ!
Истиқболи гарму самимӣ аз ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Кумитаи телевизион ва радио
Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд.
Дар ҳамоиши наврӯзӣ роҳбарияти кумита, масъулону доираи васеи кормандони шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар зерсохторҳо иштирок намуданд.
Нахуст роҳбарияти кумита аз хони наврӯзӣ, ҳафт шину ҳафт син, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гулдузӣ, анвои нонию қаннадӣ ва дигар дастовардҳо дидан карданд.
Дар идома раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, Зикр доштанд, ки имрӯзҳо тантанаҳои ҷашни Наврӯзи бостон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса идома дошта, сокинони сарбаланди диёри азизамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини милливу мардумӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ, соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.
Наврӯз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 аз ҷониби СММ ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз - ҷаҳонӣ шудани фарҳангу тамаддуни миллати тамаддунофари мо мебошад.
Раиси кумита иброз намуданд, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ниёгони мо ҳанӯз аз замонҳои бисёр қадим рӯзи аввали солшумории шамсиро рӯзи нахустини баҳор, бедоршавии табиат, оғози киштукор ва такмилу танзими олам медонистанд.
Ҷашни бостонии Наврӯзи дилафрӯз, ки дар ин айёми фараҳбахш дар Тоҷикистони азизи мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба аслу насаби хеш ва эҳёи беҳтарин ва зеботарин расму ойин ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик мебошад, боиси ифтихори ҳар яки мо буда, арзишҳои олии онро мо бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Боиси қаноатмандист, ки кормандони воҳидҳои сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти хешро дар роҳи ободии Ватан ба хубӣ дарк карда, дар ин самт фаъолияти густурда доранд ва пайваста дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.
Дар идомаи чорабинии наврӯзӣ ба кормандони кумита ва зерсохторҳои он, ки фаъолияти намунавию самарабахш нишон додаанд, бо нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон», «Ифтихорнома», «Сипоснома»-и Кумитаи телевизион ва радио, «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мукофотҳо тақдим гардид.
Сипас, аз ҷониби санъаткорон суруду таронаҳои наврӯзӣ, ватандӯстона ва баҳорӣ пешкаши иштирокдорон карда шуд.
Ҳамагон дар фазои сулҳу субот бо шукргузорӣ аз истиқлолу давлатдории миллӣ хушию хурсандӣ намуданд.
Зафар Қаюмзода