АШҚОБОД – БАРОДАРШАҲРИ ДУШАНБЕ. Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ соли 2017 ба имзо расида буд
7 сол қабл, 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод Созишнома дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкурро Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд, ёдовар мешавад АМИТ «Ховар» дар ҳошияи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов субҳи имрӯз ба Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 2 ва 3 ноябри соли 2017 Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов — Президенти вақтии Туркманистон бо ҳайати бонуфузи расмии давлаташ бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Зимни ин сафари бобарор Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони воломақоми Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир намуданд.
Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар гирифт, ки шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ба беш аз 70 адад расид. Яке аз санадҳои пурарзиши муносибатҳои ду давлат, ки аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба имзо расид, Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ мебошад. Татбиқи самараноки санадҳо барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар буда, баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод гузошт.
АМИТ «Ховар»